Ғӯраи 11 – сола

чаро дар мактабҳои Тоҷикистон омӯхтани забони хориҷӣ ғайриимкон аст?

Замони мактабхонӣ дарсхониям хубу ба қавли муаллимон “олимпиадчик” будам. Чанд маротиба дар олимпиадаҳои ноҳиявию минтақавӣ аз фанни математика  иштирок ҳам кардаам. Дар баробари фанни алгебра дигар фанҳои дақиқро низ  дӯст медоштам. Ҳамаашро баробар мехондам ва баҳои хуб ҳам мегирифтам, вале дар омӯхтани  дарсҳои забони хориҷӣ, ба қавле мелангидам. Азбаски дигар аъзои оилаамон   забони русиро хуб медонистанд, ман ҳам “мерос”-хӯр шуда, ин забонро ёд гирифтам, вале мактаб тамом шуду бо забони англисӣ як ҷумла ҳам гуфтаву навишта наметавонистам. “Дугирак”  набудам, аммо  чаро забони англисӣ бо ман душмани ашаддӣ шуд, намедонам.

Баъдан,  аз тариқи Маркази миллии тестӣ  “алик-малик” карда, имтиҳони забони англисиро супоридам ва минбаъд,  дидам  ки  ҳамкурсҳоям бо ман дар “забондонӣ” дар як радиф меистанд. Касе “англис” ва ё “франсуз”  шудан мехост,  дар курси иловагии пулакӣ  мехонд. Ман ҳам бо тавсияи таҷрибадорон  ба худ муаллимаи алоҳида, яъне, репетитор гирифтам. Ӯ ба ман дар як ҳафта 5 рӯз дарс мегуфт ва ба ивазаш 300 сомонӣ (барои як моҳ) мегирифт. Ҳамин тавр,  дар муддати 6-7 моҳ забони англисиро аз худ намудам. Аз ин рӯзҳо чанд  сол гузашт, вале то ҳол саволи ”Пас, ин қадар вақт ман дар мактабу донишгоҳ ба ҷои хондани забони хориҷӣ чӣ кор  кардаам?” дар майнаам чарх мезанад. Дар мактабҳои миёнаи умумӣ аз синфи 2 сар карда, забонҳои хориҷиро меомӯзонанд. Аммо ҳеҷ кадом хатмкунандаи мактаб бидуни курсҳои иловагии забономӯзӣ забондон намешавад. Ин суолҳо моро пайи ҷустуҷӯи ҷавоб водор кард. Бо ин мақсад миёни чанд нафар корафтодагон ва коршиносон ин масъаларо ба миён гузоштам.

45 дақиқа дарс барои 22 нафар

Як омӯзгори фанни математика, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, иброз дошт:

-Ман намедонам дар макотиби деҳот чӣ гуна аст, аммо дар пойтахт, дар мактабе, ки ман дарс медиҳам, хонандагон ба гирифтани курсҳои иловагӣ машғул мешаванд. Ман худ забони ангилисиро балад ҳастам ва медонам, ки бо ин усул забон омӯхтан тамоман аз имкон берун аст. Шумо худ қазоват кунед: — Дар як гурӯҳи мактаб, ки забони хориҷиро меомӯзанд (як синфро ду гурӯҳ мекунанд), тақрибан 18-22 нафар аст. Бар замми ин,  соатҳои дарси забонҳои хориҷӣ дар як ҳафта ду маротиба аст. Магар дар ду 45 — дақиқаӣ ба 22 нафар хонанда  муаллим расидагӣ мекунад? Албатта, не. Дар замони шӯравӣ омӯзгорон ё рус ё донандаи хуби забони русӣ буданд, бар замми ин дар як ҳафта 5- соатӣ дарси забони русӣ буд. Он вақт хонандаи шӯравӣ русидон шуда буд. Ман худ муаллима ҳастам ва ҳамкоронам ба фарзандонам дарс мегӯянд. Вале  медонам, ки аз ғӯраи 11 — солаи мактаб ҳеҷ гуна ҳалвое намепазад. Маҷбур мешавам фарзандонамро ба курсҳои иловагӣ фиристам, ки арзишаш ҳам кам нест. Лекин чӣ илоҷ?  Маошамро мегираму ба омӯзишгоҳҳо тақсим мекунам”.

Донишҷӯ айбро дар чӣ мебинад?

Гулноза Раҳимова — донишҷӯи курси чаҳоруми Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бошад, айбро дар низоми таълим мебинад: — Ман аз синфи дуюмиам дар мактаб забони англисӣ омӯхтам. Вале забонро куллан намедонистам ҳам, гӯям хато намекунам. Баъди ба донишгоҳ  дохил шуданам, барои боз ҳам хубтар омӯхтани забон ба курсҳои иловагӣ мерафтам. Чун қоидаи донишгоҳ ҳамин аст, ки тарҷумон ва кори тарҷумониро ёд медиҳанд ва аз рӯи меъёр мо бояд забонро аз курсии мактаб омӯзем. Ба ин хотир, аз барномаи донишгоҳ ақиб намонам гуфта, 700 сомонӣ (барои се моҳ) дода, забон омӯхтам (ба ғайри он, ки шартномаи донишгоҳ месупоридам). Ман фикр мекунам, ки тарзи дарс додани омӯзгорон хато аст. Аввалан, қисмати зиёди муаллимон худ забонро хуб намедонанд. Бояд дар дарс бо хонанда бо забони таълим  озод суҳбат намуд. Сониян, аз маводҳои аудиовизуалӣ бештар бояд истифода кард. Агар рӯзе маро тақдир  ба дари мактаб барад,  шогирдонамро  бо тарзу усулҳои наву замонавӣ, ки дар курсҳо онро истифода мебаранд, хоҳам омӯзонд.

Ин масъаларо ҳар  нафар аз нигоҳи худ шарҳ медиҳад. Намояндагони соҳаи маориф бошанд, айбро дар ош  мебинанд, на дар мош.

Х. Каримов: Хонанда хоҳад мехонад!

Хушед Каримов, корманди Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо:

-Ман  фикр намекунам, ки наомӯхтани забони хориҷӣ дар мактаб ин гуноҳи система ва ё муаллимон аст. Хонанда хоҳад, мехонад. Инкишофи марказҳои забономӯзӣ аз пешрафти ҷомеа дарак медиҳад. Дар тамоми дунё кӯдакон ба ин ё он намуди курсҳо мераванд. Ин на танҳо дар мо,  балки таҷрибаи ҷаҳонӣ аст.

Албатта, дуруст аст, ки таҷрибаи ҷаҳонӣ аст. Мо — ку ҳатто дар  либоспӯшӣ   ба хориҷиҳо тақлид мекунем. Хуб аст, ки волидон барои ояндаи кӯдакашон тадбирҳо меандешанду аз хурдӣ ба ин ё он курс мефиристанд. Инҷо савол ба миён меояд, ки агар хонанда, бар замми сарф кардани вақти пурқимати  худ дар мактаб, боз пули иловагӣ дода,  ба курсҳо меравад, пас дар мактаб вуҷуд доштани чунин фан чӣ лозим? Бигзор ҳамон соатҳоро озод кунанду гӯянд, ки ба курсҳоятон равед.

Ё шумо,  хонандаи азиз фикри дигаре  доред? Мо интизори номаҳо ва пешниҳодоти шумо ҳастем!

EMAIL [email protected]

Саодат Розиқзода,

«Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *