Раис мӯйсафеди 60-соларо латукӯб кард

Менеҷери роҳи Айнӣ – Панҷакент Анзур Раҷабов сокини 60-солаи деҳаи Ёвони ноҳияи Айнӣ Муфтоҳиддин Ниёзовро дар пеши ҳама латукӯб кардааст. Ниёзов мегӯяд, ӯ танҳо пурсидан мехост, ки девори ҳавлии ӯро кай сохта медиҳанд?

Сокини 60-солаи деҳаи Ёвони ноҳияи Айнӣ Муфтоҳиддин Ниёзов рӯзи 20 июн бо натиҷаҳои ташхиси зарбу латҳояш дар даст гуфт, ки ҳафтаи гузашта аз ҷониби менеҷери роҳи Аййнӣ – Панҷакент Анзур Раҷабов латукӯб шудааст.

Хонаи Муфтоҳиддин Ниёзов дар канори ин шоҳроҳ аст вабар асоси тарҳи бозсозии роҳи Айнӣ – Панҷакент девори ҳавлии Ниёзовро низ хароб карда буданд. Масъулони тарҳи бозсозии роҳ он вақт ба Муфтоҳиддин Ниёзов ваъда додаанд, ки девори ҳавлиашро аз нав сохта медиҳанд.

Аммо бо онки аз анҷоми бозсозии роҳи Айнӣ – Панҷакент алакай як солу 8 моҳ мегузарад, девори ҳавлии Ниёзов ҳамчунон носохта боқӣ мондааст.

Ӯ мегӯяд, ки рӯзи 14 июн раҳбарони сохтмони роҳ, аз ҷумла менеҷераш Анзур Раҷабовро тасодуфан дар назди деҳаашон дида, хостааст, ки масъалаи ваъдаи дар ҳаво муаллақ мондаашон дар бораи сохтани девори ҳавлиашро дигарбора бо онҳо матраҳ кунад: «Аз Панҷакент бармегаштам, ки онҳо ҳама дар пеши деҳаи мо. Менеҷери роҳи Айнӣ – Панҷакент Анзур Раҷабов, муовини директори маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо Бег Қодиров, ҷамъ ягон 10 нафар. Ман пеши онҳо омада, масъалаи девори муҳофизатиро, ки кормандони ширкати роҳсозӣ ду сол пеш баъди вайрон кардани заминам сохтани онро ваъда дода буданд, пурсидам. Пурсидаму дар бало мондам.”

Ба гуфтаи Муфтоҳиддин Ниёзов, ибтидо ба ӯ Бег Қодиров дарафтодааст, ки чӣ ҳақ дорӣ, ки бо ман гап заниву пеши ман биоӣ. Ниёзов ба ӯ мегӯяд, ки ҳамчун шаҳрванд ҳаққи муроҷиат ба ҳар мансабдори давлатиро дорад. Қодиров асабонӣ шуда, мехоҳад ин корафтодаро бизанад, вале як корманди хитоӣ монеъ мешавад.

Муфтоҳиддин Ниёзов меафзояд: «Ҳамин вақт Анзур Раҷабов, ки дар он тарафи роҳ буд, маро дашномҳои қабеҳ дода, ба сӯям омад ва бо мушту лагат ба чанд ҷои баданам зад. Зону ва панҷаҳои поям дар натиҷаи ин латукӯб осеби ҷиддӣ дидаанд. Хулоса, ба ҷои онки арзи маро шунаванду ҳал кунанд, ин мансабдорони муштзӯр маро зери мушту лагат гирифтанд. Ҳоло мехоҳам аз болои онҳо ба мақомот шикоят кунам. Бояд сазои амалашонро бубинанд.”

Бознашр аз сомонаи Ахбор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *