Раис супориш дод. Харобаҳои офати табиӣ бартараф мешаванд (аудио)

Барои муайян кардани зарари расонидашуда дар натиҷаи омадани сел дар деҳаҳои Заврон ва Навободи ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ дар толори хурди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент таҳти роҳбарии раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ҷаласа доир гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Панҷакент, дар ҷаласа сардори шуъбаи кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Панҷакент Шоназаров Мутриб гузориш додааст, ки  дар натиҷаи омадани сел назди пули мошингарди роҳи байналмилалии Панҷакент-Айнӣ бо сабаби аз селоба пур шудани роҳ ҳаракати ҳама намуди нақлиёт муваққатан имконнопазир гаштааст. Баъдан бо супориши раиси комиссияи ҳудудии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент роҳи мазкур кушода шуда, рафтуомади нақлиёт ба роҳ монда шудааст.

Инчунин, дар асоси супориши раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода Абдухолиқ аъзои комиссия барои муайян ва бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳри Панҷакент Дустбойзода Хисрав гуруҳи корӣ таъсис дода, ба мавзеҳои зарардида сафарбар гардидаанд.

Аз рӯи маълумотҳо, ба 48 га заминҳои корами ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ, 22 манзили истиқоматӣ, аз ҷумла 15 манзили истиқоматӣ дар деҳаи Заврон ва 7 хонаи истиқоматии бошандагони деҳаи Навобод лойоба даромадааст.

— Иттилоъ дода шуд, ки барои тоза ва барқарор намудани 6 километр роҳи автомобилгарди деҳаи Заврон техникаҳо сафарбар гардидаанд. Раиси шаҳр масъулинро муваззаф намуд, ки тамоми техникаҳои заруриро ба мавзеҳои осебдида сафарбар намуда, сойҳои аз қуму лойқа ва селоба пуршударо тоза намоянд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *