Раис ваъда дод: Симои шаҳр комилан нав мешавад
Қосим Роҳбар, раиси навтаъйини шаҳри Ҳисор нақшаҳои корашро барои солҳои оянда баён дошт.
Қосим Роҳбар, раиси навтаъйини Ҳисор гуфт, тайи ду соли оянда симои шаҳр комилан нав хоҳад шуд.
Шаҳрдори нав зимни нахустин нишасти матбуотияш дар ин мақом гуфт, бо бунёди биноҳои бисёрошёнаю инфрасохтори зарурӣ Ҳисор ба шаҳри муосир табдил меёбад.
Раис таъкид намудааст, ки бахшида ба 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ Ҳисор ба макони сайёҳию саноатӣ табдил меёбад. Раиси нав афзуд, зимни таҳияи нақшаҳо мақомоти давлатӣ ба фикру пешниҳодҳои сокинон такя мекунанд,- гуфтааст Sputnik.
Қосими Роҳбар яке аз сиёсатмадорони шинохтаи Тоҷикистон мебошад, ки моҳи январи соли равон ба мақоми роҳбарӣ дар шаҳри Ҳисор таъйин гардид.
Ӯ, ки қаблан шаҳрдори Хуҷанд ва баъдан тайи 10 сол — аз 1996 то 2006 роҳбари Суғд буд, то соли 2015 дар мақоми вазири кишоварзӣ ва тайи 7 соли охир роҳбарии Кумитаи рушди маҳаллӣ назди Президентро ба уҳда дошт.
Соли 2016 Ҳисор мақоми шаҳрро соҳиб шуд, дар қисмати ғарбии Душанбе ҷойгир мебошад. Тибқи иттилои ҳукумати Ҳисор, соли гузашта маҷмӯи маҳсулоти дохили шаҳр ба 3,2 миллиард сомонӣ баробар шуда, суръати рушдаш муодили 10% мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ