Раиси Амонатбонк бо Дай Чанг Сонг атрофи созишномаи 50 миллион сомонӣ мулоқот карданд

 4-уми апрели соли равон  мулоқоти раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Алиҷон Салимзода бо роҳбари ҳайати кории Бонки Рушди Осиё Дай Чанг Сонг баргузор гардид.

Ҷонибҳо дар бинои асосии Амонатбонк доир ба масъалаи Созишномаи зерқарзие, ки 13 –уми декабри соли 2022 таҳти №TAJ 56147 байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КВД БА ҶТ «Амонатбонк» оид ба ҷудо намудани маблағи қарз аз ҳисоби Созишномаи грантии Бонки Рушди Осиё дар доираи “Барномаи баланд бардоштани устуворӣ тавассути хароҷоти фаъоли зиддисиклӣ” ба маблағи 50 000 000 (панҷоҳ миллион) сомонӣ ба имзо расонида буд, суҳбат намуданд.

Алиҷон Салимзода аз раванди азхудкунии маблағҳои созишномаи мазкур ва таваҷҷуҳи бештар доштани мизоҷон ба чунин намуди қарз маълумот манзур намуда, қайд кард, ки Амонатбонк ҳамчун институти молиявии кишвар дар самти пиёда намудани сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Махсусан, раванди пешниҳоди қарз ба занони соҳибкор дар манотиқи дурдасти кишвар таваҷҷуҳи намояндагони Бонки Рушди Осиёро бештар ба худ ҷалб намуд. Дар идомаи мулоқот роҳбари ҳайати кории Бонки Рушди Осиё Дай Чанг Сонг қайд кард, ки дар оянда низ омодааст дар дигар самтҳои мухталиф бо Амонатбонк ҳамкориҳоро бештар намояд.

Вохўрии тарафҳо дар фазои дустӣ баргузор гашта, дар интиҳои он раиси Раёсати Амонатбонк ва роҳбари ҳайати кории Бонки Рушди Осиё оид ба рушд додани ҳамкориҳои дуҷониба ба сохторҳои дахлдори бонкҳо даструру супоришҳои мушаххас доданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *