Раиси Амонатбонк дар ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ иштирок кард

Раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» Салимзода Алиҷон Абдуҷалол дар  ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмон ҳамкории Шанхай  иштирок ва сухаронӣ кард.

Ин ҷаласа 25-уми июни соли равон дар шаҳри Остонаи Қазоқистон таҳти раёсати ҶСК «Бонки рушди Қазоқистон» ҳамчун бонки раисикунанда ва бо иштироки роҳбарони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаи ташаббусҳои бонкҳои аъзо ҷиҳати вусъат бахшидан ва густариш додани ҳамкориҳо, табодули таҷриба ва бозомўзиши мутахассисони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкӣ, таҳия ва татбиқи шаклҳои нави ҳамгироӣ бо мақсади баланд бардоштани раванди маблағгузории муштараки лоиҳаҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар интиҳои чорабинӣ аз ҷониби роҳбарони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай протоколи ҷаласа ва Ёддошти тафоҳум оид ба маблағгузории Идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ ва корпоративӣ (ESG) байни бонкҳои аъзо ба имзо расонида шуд.

Баъди анҷоми қисмати асосии чорабинӣ мулоқотҳои дуҷонибаи роҳбарони бонкҳо сурат гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *