раиси Ашт

Раиси Ашт ба беш аз 30 нафар мӯйсафедон маълумоти муфассал дод

Беш аз 30 нафар мӯйсафедон бо мақсади ошноӣ пайдон намудан аз ҷараёни сохтмони ду корхонаи бузурги саноатӣ, корхонаи ресандагӣ ва фабрикаи ҷуроббофӣ бо 600 нафар ҷойи корӣ боздид намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси ноҳияи Ашт, раиси ноҳия Шуҳрат Муҳаммадзода ба собиқадорон вобаста ба имконият ва иқтидори коргоҳ маълумоти муфассал дод.

— Пирони кор дар ҷараёни боздид аз бунёди коргоҳи мазкур иброз доштанд, ки дар таърихи ноҳия пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ чунин коргоҳи бузург бори аввал сохта мешавад,- меафзояд манбаъ.

Зикр мегардад, ки соҳибкорони маҳаллӣ иқдом намудаанд дар ноҳия корхонаи ресандагӣ ва фабрикаи ҷуроббофиро бунёд намоянд ва 600 нафар сокинони маҳаллӣ, асосан духтарону бонувонро бо ҷойи кор таъмин кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *