Раиси “Барқи тоҷик» роҳбари Федератсияи тенниси рӯи миз интихоб шуд

Исмоилзода Мирзо, раиси Ширкати холдингии саҳомии “Барқи тоҷик” раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон интихоб шуд.

28 апрел  дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи Плениуми интихоботии Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он зимни муҳокимаи масъалаҳо аз ҷумла номзадии Исмоилзода Мирзо ба ҳайси раиси Федератсияи тенниси рӯи миз пешниҳод ва бо овоздиҳии якдилонаи вакилон интихоб шуд.
Сипас, бо пешниҳоди раиси нави федератсия Ризоев Нуралӣ ноиби раиси федератсия, инчунин раис ва аъзои комиссияҳои доварон, мураббиён ва бозрасӣ интихоб гардиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *