Раиси Девони вазирони Қирғизистон дар НБО-и «Роғун»
Раиси Девони вазирон — Роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев ҳамроҳ бо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст.
Бояд гуфт, ки 16 ноябри соли 2018 нахустагрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба кор андохта шуд.
9 сентябри соли 2019 дар рӯзи ҷашни Истиқлол дуюмин агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо пахши тугмаи рамзӣ аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба тавлиди барқ оғоз намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ