Раиси Файзобод оид ба созандагиву ободонӣ сухан гуфт
Дар деҳаи Заркамар-1, Заркамар-2 ва Муминободи ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод вохӯрӣ доир гардид.
Бино ба иттилои МИҲД-и ноҳияи Файзобод, раиси ноҳия Бобишо Холзода доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, ба роҳ мондани корҳои созандагию ободонӣ ҷиҳати рушди маҳал, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи донишомӯзӣ ва ҳунарандӯзӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватанпарастӣ ва омода будан ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии хурӯҷи бемориҳои сироятӣ ва эмгузаронии аҳолӣ сухан гуфт.
Ҳамчунин, дар рафти вохӯрӣ бештар масъалаҳо доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудаанд.
Зикр гардидааст, ки ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардум барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиати иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамояд, мусоидат карда метавонад.
— Инчунин, гуфта шуд, ки вазифаи асосии падару модар тарбияи фарзанд дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ, фарҳангӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ