Раиси Хатлон бо роҳбари Бонки осиёии рушд мулоқот кард
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбари Намояндагии Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон Шенни Кэмпбелл мулоқот намудааст.
Бино ба иттилои шуъбаи иттилоотиву таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо рафти ҳамкориҳои дуҷонибаи судмандро мавриди матраҳ қарор додаанд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо ба нақши ташкилоти байналмилалии молиявӣ дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ баҳои баланд дода, вобаста ба дурнамои ҳамкориҳо мубодилаи афкор намуда, изҳори розигӣ ва қанотмандии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои мухталифи хоҷагии халқ дар вилояти Хатлон баён доштаанд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо ёдоварӣ аз ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла Бонки осиёии рушд амалӣ мегарданд, барои тақвияти ҳамкориҳо омодагии вилоятро изҳор дошта, ташрифи меҳмононро ба вилоят хайрамақдам гуфтааст.
— Дар вилояти Хатлон ҳанӯз ҳам захираву имкониятҳои истифоданашуда зиёд буда, бо ҷалби сармоя метавон дастовардҳоро афзун намуд. Аз ҷумла, барои обёрии заминҳои бекорхобида, татбиқи лоиҳаҳои дар самтҳои маориф, тандурустӣ, саноат ва сайёҳӣ метавон лоиҳаҳои навро таҳия ва татбиқ кард, ки дар натиҷа садҳо ҳазор нафар соҳиби ҷойи корӣ мегарданд. Вилояти Хатлон ва Бонки осиёии рушд дар ин замина метавонанд тарҳҳои муштаракро амалӣ созанд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ