Раиси хоҷагӣ моли мардумро аз худ карду…

Чуноне ВКД хабар медиҳад, кормандони милитсия зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 45-солаи сокини ноҳияи Деваштич, раиси хоҷагии деҳқонии «Равот”-ро бо гумони азонихудкунӣ дастгир намуданд.

Номбурда аз соли 2008 то инҷониб 253 сар чорвои майдаи шохдор ва 14 сар чорвои калони шохдори хоҷагии деҳқонии «Равот”-ро азонихуд намуда, ба хоҷагии мазкур ба маблағи 132 ҳазору 800-сомонӣ зарар расонидааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 245 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *