Раиси Хуросон ба Ҳакимзода Қурбон: Дар Тоҷикистон ғариб нестам
Соли 2020 гардиши савдои хориҷии вилояти Хатлон бо Ҷумҳурии исломии Эрон ба 4,5 миллион доллар расид. Ин омор дар суҳбати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва раиси вилояти Хуросони Разавии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадсодиқ Муътамадиён 23-юми феврал дар шаҳри Душанбе садо дод.
Тавре ки Носирҷон Маъмурзода, сухангӯи раиси вилояти Хатлон хабар дод, Қурбон Ҳакимзода зимни мулоқот ба ҳамтои худ доир ба тавонмандиҳои кишоварзию саноатии вилояти Хатлон маълумот дод.
— Соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ ба 8,8 миллиард сомонӣ расида, аз ҳисоби соҳибкорони вилояти Хатлон 619 корхонаю коргоҳҳо бунёд гардид, — зикр намуд Қурбон Ҳакимзода. — Дар вилоят ба ислоҳот ва рушди соҳаи кишоварзӣ аҳамияти зарурӣ дода шуда, то ҳол зиёда аз 68 ҳазор ҳоҷагии деҳқонӣ таъсис дода шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ дар соли 2020 ба 17 миллиард сомонӣ баробар мебошад, ки нисбати соли 2019 1,5 миллиард ё ин ки 9,4 фоиз зиёд шудааст.
Дар соли 2020 аз қаламрави вилояти Хатлон 110 ҳазор тонна молу маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат содирот гардид.
Айни ҳол вилояти Хатлон бо минтақаҳои 34 давлати дуру наздик ҳамкориҳои судманди иқтисодию тиҷоратиро ба роҳ мондааст. Гардиши савдои хориҷӣ дар соли 2020 310 миллион долларро ташкил дод, ки содирот ба 143 миллион доллар ва воридоти молу маҳсулот ба 165 миллион доллари амрикоӣ баробар шудааст.
Дар мулоқот зикр гардид, ки соли 2020 гардиши савдои хориҷии вилояти Хатлон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон 4,5 миллион долларро ташкил медиҳад. Ҷонибҳо барои боз ҳам афзоиш додани ин нишондод изҳори алоқамандӣ карданд.
Раиси вилояти Хуросони Разавии Эрон Муҳаммадсодиқ Муътамадиён қайд кард, ки бо вуҷуди он ки бори аввал ба Тоҷикистон сафар кардааст, дар ин ҷо эҳсоси ғурбат намекунад ва аз пазироии ҷониби Тоҷикистон изҳори сипос намуд.
Зимни муаррифии потенсиали вилояти Хуросони Разавӣ аз ҷумла қайд намуд, ки дар ин минтақаи дорои беш аз 7 миллион аҳолии Эрон ду минтақаи вижаи иқтисодӣ мавҷуданд, ки базудӣ мақоми минтақаҳои озоди иқтисодиро касб хоҳанд кард. Вилояти Хуросони Разавӣ дар Эрон аз ҷиҳати истеҳсоли гӯшти мурғ дар мақоми чорум ва истеҳсоли тухми он дар мақоми дувум қарор дорад. 75% заъфарони дунё дар Хуросони Разавӣ мерӯяд.
Раисони вилоятҳои Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва Хуросони Разавӣ Муҳаммадсодиқ Муътамадиён доир ба имконияти роҳандозӣ ва вусъатбахшии ҳамкорӣ дар соҳаҳои коркарди пӯсту пашми чорво, истеҳсоли маводи доруворӣ аз гиёҳҳои табиӣ, бунёди корхонаҳои муштараки коркард ва бандубасти маҳсулоти кишоварзӣ, омӯзиши таҷрибаи байниҳамдигарии соҳибкорон табодули назар карданд.
Ёдрас мешавем, ки моҳи декабри соли 2019 собиқ раиси вилояти Хуросони Разавӣ ҷаноби Алиризо Размҳусейнӣ аз вилояти Хатлон боздид карда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ