Раиси Исфара: Танҳо дар доираи қонун амал кун, Ҳасан!

Маркази матбуоти раиси шаҳри Исфара хабар дод, ки зодаи ҷамоати Чоркӯҳи ин минтақа Ҳасан Субҳонзода, ки бо аҳли хонаводааш дар Туркия «ғайриқонунӣ” таҳсилу кор мекард, «дар натиҷаи корбарии мафкуравии мақомот” ва бо даъвати шаҳрдорӣ ба зодгоҳаш баргашт ва ӯро раиси шаҳр Сиҷоуддин Саломзода ба ҳузур пазируфт.

Маркази матбуоти раиси шаҳри Исфара хабар дод, ки рӯзи 22 сентябр раиси шаҳр Сиҷоуддин Саломзода зодаи ҷамоати Чоркӯҳ Ҳасан Субҳонзодаро ба ҳузури худ пазируфта, «Бо ӯ сӯҳбати озоду самимона дошт.” Бино ба ин манбаъ, Ҳасан Субҳонзода дар Ҷумҳурии Туркия ғайриқонунӣ таҳсил ва кору зиндагӣ мекард ва аҳли хонаводаашро низ бо худ бурда буд.

Бозгашти Субҳонзода ба зодгоҳаш, ба навиштаи маркази матбуоти раиси Исфара, «дар натиҷаи корбарии мафкуравии мақомоти марбута, бахши кор бо дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроия ва даъвати шаҳрдорӣ” муяссар шудааст.

Сиҷоуддин Саломзода, раиси Исфара зимни суҳбат «бо зикри вазъи кунунии бисёр ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир” аз Ҳасан Субҳонзода даъват кардааст, ки «ҳамагуна амалашро дар мавриди таҳсил ва кору фаъолият минбаъд танҳо дар доираи қонун анҷом бидиҳад, ба хотири ҳимояи истиқлолияту озодӣ, таҳкими суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллату давлатамон саъю талош намояд.”

Ҳасан Субҳонзода, меафзояд маркази матбуоти раиси Исфара, «даъвату ҳидояти шаҳрдори Исфараро нек пазируфта, аз ҷониби худ изҳор дошт, ки ба нишони ватандӯстӣ ва муҳаббат ба зодгоҳ як аз ҳисоби сармояи хеш барои таъмиру ободонии мактаби миёнаи №27-и ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ саҳмгузорию мусоидат ва минбаъд барои ободию пешрафти диёр саҳмгузорӣ хоҳад кард.”

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *