Раиси Кӯлоб барои Сурайё Қосимова чакан омода кардааст
Масъулини мақомоти шаҳри Кӯлоб барои қадрдонии овозхони саршиноси кишвар Сурайё Қосимова ба муносибати 65-солагии мавлудаш либоси миллии чакан омода кардаанд.
Далер Шарифов, сухангӯи раиси шаҳри Кӯлоб дар суҳбати телефонӣ ба Pressa.tj гуфт, ки бо супориши раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода масъулини бахши фарҳанги шаҳр вобаста шудаанд, то онро ба Душанбе расонанд.
“Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ба санъату ҳунари овозхони маҳбуби кишвар Сурайё Қосимова эҳтиром дорад. Ягон чорабинӣ дар шаҳри Кӯлоб бе иштироки Сурайё Қосимова ва фарзандонаш Фарзона ва Шабнам намегузарад. Ин оила ҳамеша муаррифигари санъату фарҳанги шаҳри Кӯлоби бостонӣ ҳастанд”,- иброз дошт Далер Шарифов.
Ба таъқиди Далер Шарифов, бо супории раиси шаҳр масъулин аз субҳ то ҳол ба телефони Сурайё Қосимова занг мезананд, аммо рақам хомӯш карда шудааст.
“Агар дар шаҳри Кӯлоб мебуданд, раис бевосита ба табрики Сурайё Қосимова мерафтанд ва туҳфаҳои хотиравиро месупориданд. Азбаски дар Душанбе ҳастанд, масъулини вобастаи бахши фарҳанги шаҳр ба дидор ба табрики Сурайё Қосимова хоҳанд рафт”,- афзуд ӯ.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 21-уми апрел Сурайё Қосимова 65-сола шуд. Ӯ дар кӯчаи Куйбишеви шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Падараш баъди тавлиди фарзанди чорум оиларо тарк мекунад. Модараш Давлатбӣ, ки ошпази Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳр буд, 4 фарзанд — Садбарг, Сурайё, Шамс ва Файзро ба танҳоӣ ба воя расонид. Аз ин оила ду нафар ба ҷодаи санъат рафтанд, яке Садбарг, дигаре Сурайё.
— Модари ман санъатро дӯст медошт,- ба ёд меорад дар суҳбате Сурайё Қосимова ва идома медиҳад, ӯ зид набуд, ки мо ба роҳи санъат равем. Фақат насиҳат мекард, ки нағз рафтор кунед, пеш аз ҳама хоксор шавед, ба калонсолҳо нағз муносибат кунед, гашта нигоҳ накунед, гап нагардонед. Мо ҳам гуфтаҳои ӯро мекардем. Вақте мо бисёр хурд будем, падарам моро танҳо гузошта, ба ноҳияи Ванҷ рафта, дигар барнагаштанд. Модари ман 4 фарзандро худаш ба танҳоӣ калон кард. Мо падарамонро надида калон шудем. Бинобар ин, ҳамеша ба модар такя мекардем.
Барои ба ҷодаи санъат рафтани Сурайё Қосимова хоҳари бузургаш Садбарг сабабгор аст.
— Ман аз 13-солагӣ якбора ба саҳнаи театри касбӣ баромадам. Хоҳари калонии ман Садбарг Қосимова, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон дар Театри шаҳри Кӯлоб ба номи Саидалӣ Вализода кор мекард. Ман хоҳиш мекардам, ки маро ба машқҳо ва барномаҳоятон баред, зеро меҳр доштам ба ҳунар. Як рӯз кадом раққоса бемор мешавад. Ба ман гуфтанд, ки рақс карда метавонӣ? Гуфтам, ҳа. Маро ба саҳна даъват карданд ва ҳамин тавр шуруъ шуд фаъолияти кории ман. Баъди чанд рӯз Садбарг ба директори театр, шодравон Қурбон Зардаков мегӯяд, ки хоҳарчаи ман хуб суруд мехонад. Эшон дар як чорабинӣ аз ман хоҳиш карданд, ки суруд хонам. Баъди суруд хонданам маро ба сифати сароянда ба кор гирифтанд. Ман фақат 4 ё 5 моҳ раққоса будам, дигар сароянда шуда фаъолият кардам,- ба ёд овардааст Сурайё Қосимова.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ