Раиси Кумитаи замин: Офтобро бо доман пӯшонида намешавад

Дар як сол 6 раиси кумитаҳои давлатии идораи замин ва 9 муовинони онҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар  аз мақомашон барканор шудаанд.  Онҳо дар содир намудани ҷиноятҳои вобаста ба замин айбдор шудаанд.

Дар ин бора Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, ки баъзе ҷиноятҳо аз тарафи кормандони зерсохторҳои кумита дар солҳои гузашта ҳам содир шуда буданд. Аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар солҳои охир онҳоро ошкор кардаанд.

“Соли 2021 барои даст доштан ва харидуфурӯши ғайриқонунии замин ва сохтакорӣ, ичунин, қаллобии кормандони мо аз ҷониби мақомоти коррупсия нисбат ба 74 нафар ва аз тарафи прокуратура 149 нафар кормандони собиқ дар зерсохторҳои кумита ба ҷавобгарӣ кашида шуданд”,- иттилоъ дод раис.

Зиёд шудани ҷиноятҳоро Ориф Хоҷазода аз ҷониби кормандонаш тасдиқ кард ва гуфт, ки бештари ин ҳолатҳо дар корхонаҳои бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар шаҳру ноҳияҳо мебошанд.

“Ман камбудӣ ва хатои зерсохторҳои кумитаро пинҳон каранӣ нестам. Аз посух гуфтан ҳам канораҷӯӣ намекунам. Яъне, ҷиноятро рӯйпӯш карда намешавад. Махсусан, вобаста ба замин. Ба ибораи дигар, офтобро бо доман пӯшонида намешавад. Ин дигар соҳа нест, ки пинҳон кунем. Агар замин чарогоҳ бошад, дар ҳисобот ҳамин тавр мемонад. Намешавад, ки онро дигар шакл ном бурд”,- таъкид дошт раис.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *