Раиси нави Амонатбонк.Салимзода Алиҷон кист?
Салимзода Алиҷон Абдуҷалол, ки имрӯз, 16 январ раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» таъин гардид, 44 сол дошта, ду муассисаи олии бонуфузро хатм кардааст.
Ӯ то ин мақоми нав муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон буд.
Номбурда маълумоти олиро дар Донишгоҳи байналмилалии Москва ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ихтисоси молия ва қарз ва иқтисодчӣ гирифтааст.
Фаъолияти меҳнатӣ:
солҳои 2001-2002 — иқтисодчии дараҷаи I-и шуъбаи буҷетҳои маҳаллии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
солҳои 2002-2009 — иқтисодчии дараҷаи II, иқтисодчии
дараҷаи I, иқтисодчии пешбари Идораи назорати бонкӣ ва иҷозатномадиҳии Бонки миллии Тоҷикистон;
солҳои 2009-2010 — муовини мудири шуъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Қурғонтеппа;
солҳои 2010-2018 – муовини мудир, мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Қурғонтеппа;
солҳои 2018-2020 мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар;
солҳои 2020-2022 директори Департаменти муомилоти пулӣ ва амалиёти хазинадории Бонки миллии Тоҷикистон.
Номбурда донандаи забонҳои хориҷӣ: англисӣ ва русӣ аст.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ