Раиси ноҳияи Ҷайҳун барои омӯзгор хона бунёд кард

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун ба омӯзгори муассисаи таълимии рақами 7 хона бунёд карда шуд. Ин таҷриба дар вилояти Хатлон ҳанӯз собиқаи кам дорад.

 Умед Эшонзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки хонаи истиқоматии пешини омӯзгор Мавҷуда Султонова ба таъмири ҷорӣ ниёз дошт.

Ӯ афзуд, ки баъди муроҷиати омӯзгор ба мақомоти маҳаллӣ барои ӯ хонаи нав сохтанд. “Ӯ дар рӯзи қабули шаҳрвандон ба Абдулҳафиз Одиназода, раиси ноҳияи Ҷайҳун муроҷиат карда буд. Аз муроҷиати омӯзгор Мавҷуда Султонова ҳанӯз як сол нагузашта, бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти ноҳия барои ӯ хона дорои се ҳуҷра сохта шуд”,-гуфт номбурда.

Умед Эшонзода афзуд, ки дар соли 2023 дар маҷмӯз 47 омӯзгор бо замин барои бунёди хона таъмин шуданд. Ба таъкиди вай 9 омӯзгоре, ки аз вилояти Бадахшон омада буданд, аллакай соҳиби замин гардиданд. Роҳбари ноҳияи Ҷайҳун дар оянда ҳам тасмим дорад, ки мушкили надоштани замини омӯзгорони муассисаҳои таълимиро бартараф кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *