Раиси ноҳия бо 400 ҳазор доллар пора дастгир шуд

Раиси ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд Бахтиёр Абдусамадов ҳангоми гирифтани пора барои ҷудо кардани қитъаи замин боздошт шуд.

Ба иттилои пулиси Тошканд, Абдусамадовро маъмурони Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон моҳи сентябр ҳангоми гирифтани 400 ҳазор доллар пора дастгир карданд.

Бино ба хабари расонаҳои Ӯзбекистон, ҳамроҳи раиси Юнусобод чанд тани дигаре низ боздошт шуданд, ки онҷо ҳузур доштанд.

Абдусамадови 42-сола моҳи апрели соли 2017 раиси ноҳияи Юнусобод таъйин шуда буд. Ӯ то он замон Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ӯзбекистонро раҳбарӣ мекард.

Вай 11 апрели соли равон дар як ҷаласаи видеоии президенти Ӯзбекистон танбеҳи ҷиддӣ гирифта, баъд аз як ҳафта аз раҳбарии кумита озод ва раиси ноҳияи Юнусобод таъйин шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *