Раиси парлумон ва муовинони он кистанд?

Маҳмадтоҳир Зокирзода раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмадалӣ Ватанзода мувини аввал, Қодири Қосим ва Дилрабо Мансурӣ муовинони парлумони кишвар интихоб шуданд. Дар ин бора аз парлумони кишвар, ки феълан иҷлосияи нахустини он ҷараён дорад ба pressa.tj хабар доданд.  

Зокирзодаро ҳанӯз аз замони пешбарии номзадияш дар интихобот, раиси Маҷлиси намояндагон пешбинӣ мекарданд.  Ин курсиро қаблан низ  намояндагони минтақаи Рашт Сафаралӣ Раҷабов, Саъдулло Хайруллоев ва Шукурҷон Зуҳуров дар ихтиёр доштанд.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 63 курсӣ дорад, 20 сол пеш таъсис шудааст.

Интихобот барои 63 курсии Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон рӯзи 1-уми март баргузор шуд.

Дар зер тарҷумаи ҳоли раиси нави парлумони кишвар ва муовинони ӯро пешкаши шумо мегардонем.

Маҳмадтоҳир Зокирзода кист?

Зокирзода Маҳмадтоҳир Зоир июли соли 1956 дар ноҳияи Рашт таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик.

Номбурда фаъолияти меҳнатии худро солҳои 1973 – 1974 ҳамчун коргар дар яке аз корхонаҳо (завод)-и пахтаи Ҷумҳурии Туркманистон оғоз намуда, баъдтар, соли 1974 ба Политехникуми шаҳри Душанбе дохил шуд, пас аз ду соли таҳсил ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват гардид. Соли 1978 пас аз хатми таҳсил ҳамчун техник-заминсоз дар Институти лоиҳакашии «Тоҷикгипрозем» шаҳри Душанбе ба кор қабул шуда, муддати як сол онҷо кор кард. Пас аз он, дар соли 1980 бо тавсияи институти мазкур барои таҳсил ба Ҷумҳурии Қазоқистон рафта ба Институти хоҷагии қишлоқи шаҳри Селиноград (ҳоло Остона, пойтахти нави Қазоқистон) дохил гардид. Дар пайи анҷоми панҷ соли таҳсил ба Тоҷикистон баргашта, аз соли 1992 дар вазифаҳои масъули муҳандис-заминсоз, мутахассиси пешбар, сардори гурўҳи назоратии шуъбаи техникӣ, сармуҳандиси Институти лоиҳакашии «Тоҷикгипрозем» — и шаҳри Душанбе кор кард.

Солҳои 1992- 1995 сармутахассиси шуъбаи комплекси агросаноатӣ ва хўроквории мудирияти корҳои Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 1995 – 2003 масъулияти сармутахассиси шуъбаи Комплекси агросаноатии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар уҳда дошт.

Тайи солҳои 2003 – 2006 — директори генералии Агентии миллии кайҳонӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2006- 2008 раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2010 -2015 раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2015 – 2016 вазири кишоварзӣ ва аз моҳи марти соли 2016 то январи соли 2020, яъне то вақти пешбарӣ ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақоми муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард.

М. Зокирзода шуруъ аз санаи 17 марти соли 2020 раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон интихоб шуд.

Маҳмадалӣ Ватанзода кист?

Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло 1- уми феврали соли 1962 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ. Соли 1984 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст, ҳуқуқшинос. То соли 2020 Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Шуруъ аз санаи 17 марти соли равон муовини аввали раиси Парлумони кишвар интихоб гардид.

Қодири Қосим кист?

Қодири Қосим 9 апрели соли 1961 дар ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Соли 1983 Донишкадаи (ҳоло Донишгоҳи) кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном-олим хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро ҳамон сол ба ҳайси агрономии совхози Федченкои ноҳияи Ванҷ шурӯъ кардааст.

Минбаъд дар вазифаҳои сарагрономи совхози «50-солагии СССР»-и ноҳияи Ванҷ, директори совхози «Россия»-и ноҳияи Ванҷ, инструктори КМ Комсомоли Тоҷикистон, котиби дуюми кумитаи вилоятии Комсомоли Тоҷикистон, муовини сардори Раёсати кишоварзии ВМКБ, Раиси ноҳияи Ванҷ, муовини авали Раиси ВМКБ, муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон , Раиси ВМКБ, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Соли 2014 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени «Дӯстии халқҳо» мукофотонида шудааст.

20 феврали соли 2017 Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

Рӯзи 17-уми март ва дар ҷаласаи ҳайати нави порлумон муовини раиси Маҷлиси Намояндагон интихоб шуд. 

Дилрабо Мансурӣ кист?

Мансурӣ Дилрабо Сайдулло 29 – уми  январи соли 1974 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ. Соли 1996 Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимиро хатм кардааст, муҳандис- технолог, узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ, доктори илмҳои техникӣ. Вакили МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шуруъ аз санаи 17 марти соли равон муовини раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шуд.

Мансурӣ Дилрабо Сайдулло 29 – уми  январи соли 1974 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ. Соли 1996 Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимиро хатм кардааст, муҳандис- технолог, узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ, доктори илмҳои техникӣ. Вакили МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шуруъ аз санаи 17 марти соли равон муовини раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шуд.



Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *