Раиси парлумони Афғонистон дар Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки дируз раиси Вулуси Ҷиргаи Шӯрои миллӣ — парлумони Ҷумурии Исломии Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон омад.
Ба иттилои котиботи Маҷлиси намояндагон, дар назар аст, ки Раҳмонӣ бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот кунад.
Мулоқоти раиси парлумони Афғонистон бо президенти Тоҷикистон 1 март дар назар аст.
Гуфтушунид бо Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагон, Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо ва Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон низ дар барномаи сафари Мирраҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон дар назар аст.
Котиботи Маҷлиси намояндагон хабар додааст, ки дар доираи сафари расмӣ ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Кохи Наврӯз низ дидан хоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *