Раиси парлумони Эрон ба Тоҷикистон меояд

Имрӯз, 10-уми октябр Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар раъси як ҳайат ба Тоҷикистон меояд.

Расонаҳои эронӣ менависанд, ки яке аз ҳадафҳои муҳими сафар гуфтугуҳои дуҷониба дар хусуси афзоиши ҳамкориҳо ва мубодилоти тиҷоратии ду кишвар аст.

Ба навиштаи хабаргузории ИСНО, сафари Муҳаммадбоқир Қолибоф бо даъвати ҷониби Тоҷикистон сурат мегирад ва зимни он ӯ бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ ва раиси парлумон Муҳаммадтоҳир Зокирзода дидор анҷом медиҳад.

Раиси парлумони Эрон ҳамчунин дар конфронсе бахшида ба сиюмин солгарди Конститутсияи Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *