Раиси пешини Кумитаи амният боздошт шуд
Нартай Дутбаев, раиси пешини Кумитаи давлатии амнияти Қазоқистон дар баробари мансабдороне боздошт шудааст, ки ба ифшои сирри давлатӣ ва сӯистифода аз мақом айбдор мешаванд.
Ба иттилои Хадамоти матбуотии КДАМ Қазоқистон, Дутбаев Нартай, Ҳасан Нурлан Болатулӣ ва Нуртаев Ерлан 26 декабри соли равон боздошт ва дар пайи кофтукоби манзилҳояшон далелҳои шайъӣ пайдо шудааст. Дастгиршудаҳо феълан дар боздоштгоҳи муваққатии кумита нигаҳдорӣ мешаванд.
Нартай Дутбаев аз декабри соли 2001 то 22 феврали солти 2006 раиси Кумитаи давлатии амнияти Қазоқистон буд. Вай баъди он ба истеъфо рафт, ки даст доштани кормандони ниҳоди зери раҳбарияш дар қатли раҳбари мухолифон Алтинбек Сарсенбоев ошкор шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ