Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ба Тоҷикистон меояд

Cафари Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ба Тоҷикистон бояд моҳи гузашта сурат мегирифт, аммо ба таъхир афтода буд. Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ пас аз сафари Тошканду Ишқобод ва Анқара озими Душанбе хоҳад шуд.

“Ҳанӯз санаи сафар маълум нест. Аммо ба ҳамин зудӣ анҷом хоҳад гирифт, зеро ин силсиласафари раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон бояд моҳи гузашта анҷом мешуд ва ба таъхир афтод”, — гуфтааст дафтари Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ба Sputnik Тоҷикистон.

Шоми 10 ноябр, ҳайате таҳти сарварии Абдуллоҳ Абдуллоҳ вориди шаҳри Тошканд шуд. Бино ба иттилои дафтари Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, қарор аст Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов ва дигар раҳбарони он кишвар мулоқот кунад.

“Дар ин мулоқотҳо қабл аз ҳама ҳамкории Афғонистону Ӯзбекистон дар раванди овардани сулҳ ба Афғонистон ва дигар самтҳои ҳамкории миёни ду кишвари ҳамсоя баррасӣ мешаванд”, — гуфт манбаъ.

Ӯзбекистон яке аз кишварҳои фаъол дар раванди сулҳи Афғонистон аст. Ҳанӯз моҳи марти соли 2018 дар шаҳри Тошканд конфронси байналмилалӣ дар масъалаи Афғонистон баргузор шуда буд.
Бино ба иттилои дафтари Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, Абдуллоҳ Абдуллоҳ қарор аст пас аз Ӯзбекистон ба Туркманистон, Туркия ва Тоҷикистон сафари корӣ анҷом диҳад.

“Ҳадаф аз ин сафарҳо ба вуҷуд овардани як иҷмоъи минтақаӣ дар масъалаи сулҳи Афғонистон аст. Кишварҳои минтақа ҳамеша ҳамкори мутмаини Афғонистон буданд ва қабл аз ҳама ба сулҳу оромиш ва амнияту суботи минтақа манфиатдоранд”, — гуфтанд дар дафтари Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *