Раиси Шӯрои уламо: Рӯза бигиред, то сиҳатманд шавед!

Шаҳид мешавӣ, мардак!

Дар замонҳои қадим подшоҳи булҳавасе буд ва чанд зан дошт. Зани калонӣ ҳамеша хархаша мебардошт, ки чаро аз зердастонат касе зани дуюм намегираду ту ҳар рӯз зан мегирӣ. Барои аз ғурбати занаш халос шудан, подшоҳ вазири дасти росташро даъват карда мегӯяд:

-Ба ту як моҳ муҳлат, агар зани дуюм нагирӣ, туро аз мансабат маҳрум мекунам, ба нони хӯрдан зор мешавӣ!

Сарвазир бо табъи хира ба хона бармегардад. Ҳамсараш мепурсад:

— Мардакҷон, чӣ шуд, ки ин қадар парешонхотир менамоед?

-Подшоҳ имрӯз ба ман амр кард, ки зани дуюм бигирам, агар ин корро накунам, маро аз сарвазирӣ мегирад,-ҷавоб дод мард бо садои ҳазину озурда.

-Эй мардакҷон, охир ҳамин қадар мардум бе мансаб намурдаанд-ку! Аз сарвазирӣ мегирифта бошад, гирифтан гирад, деҳқонӣ карда нонатонро меёбед,- бепарвоёна даст афшонда гуфт зани вазир.

Аз байн чанд рӯз гузашт ва подшоҳ сарвазирро даъват карда пурсид:

-Зани дуюм гирифтӣ ё не?

-Шоҳам, ҳоло ман сари ин мавзӯъ фикр карда истодаам,-сар ба зер афканда ҷавоб дод сарвазир.

Подшоҳ ба ғазаб омада дод зад:

-Ҳой мардак, дониста бош, агар то охири моҳ зани дуюм нагирӣ, амр мекунам, ки туро ба дор овезанд!

Сарвазир аз хашми подшоҳ тарсида бо табъи гирифта ба хона омад. Занаш авзои парешони ӯро дида пурсид:

-Мардакҷон, боз чӣ шуд, ки ин қадар хотирпарешон ҳастӣ?

-Подшоҳ сахт ба ғазаб омадааст, мегӯяд, ки агар то охири моҳ зани дуюм нагирӣ, амр мекунам, ки туро ба дор овезанд,-бо садои гиряолуд гуфт сарвазир.

-Ғам нахӯр мардакҷон, шаҳид мешавӣ, шаҳид!-Ҷавоб дод занаш.

Бо шунидани ин латифа аз забони Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон табъи аҳли қалами ҳафтаномаҳои «Тоҷикистон» ва «Оила» болида гашта, бо камоли майл саволҳои хонандагони худро дар робита бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон пешниҳод намуданд. Раиси Шӯрои уламо ба саволҳо ҷавобҳои кӯтоҳ, вале бисёр дақиқ доданд.

Инак, фишурдаи гуфтугӯи мустақими телефониро бо Саидмукаррам Абдуқодирзода пешкашатон месозем.

 

Савол: —Алло, ҳафтаномаи “Оила” аст?

-Бале, мо шуморо гӯш мекунем.

-Шунидам, ки имрӯз бо қозӣ (раиси Шӯрои уламоро дар назар дорад) гуфтугӯи мустақими телефонӣ мешудааст…?

-Бале, домулло шуморо шунида истодаанд. Саволе дошта бошед, бипурсед.

-Зан бо шавҳараш муносибати маҳрамона кардан нахоҳад, мард дар ин ҳолат бояд чӣ кор кунад?

-Сабру таҳаммул намояд!

-Ин мард ҳақ дорад, ки зани дуюм гирад?

-Занаш розӣ аст?

-Не, розӣ нест.

-Ман зани дуюм гирифтанро тавсия намедиҳам.

-Пас, ин марди бечора чӣ кор кунад?

-Сабр, сабр ва боз ҳам сабр!

Савол: -Саҳархӯрак накарда рӯза доштан дуруст аст?

Фаррух, н. Ҳисор.

Ҷавоб:- Ҳар касе, ки саҳарӣ хеста ба қадри иштиҳояш чизе тановул намояд, савоб мегирад ва рӯзааш бобаракат мешавад, вале баъзе одамон иштиҳо надоранд ва саҳаргоҳ чизе хӯрдан намехоҳанд. Ин афрод саҳархӯрак накарда рӯза бигиранд, рӯзаашон қабул мешавад, вале аз савоби саҳархӯрӣ бенасиб мемонанд.

Савол:-Одамоне, ки бемор ҳастанд, агар худро маҷбур карда рӯза бигиранд, раво аст?

Давлатмурод, н. Варзоб.

Ҷавоб:-Пайғамбари Худо (с) мефармояд, ки «шумо рӯза бидоред, то сиҳатманд шавед». Аз ин бармеояд, ки ҳикмати рӯза доштан дар солим гаштани ҷисму ҷони инсон  аст. Рӯзадорӣ, агар боиси авҷ гирифтани бемориашон нагардад, метавонанд рӯзаи моҳи шарифи рамазонро бидоранд, вале агар рӯза ҳолашонро  табоҳ мекарда бошад, беҳтараш надоранд, чунки беморон узр доранд.

Савол:

-Беморе, ки умеди шифо ёфтанаш нест, агар рӯза нагирад, дар назди Худованд гунаҳкор намешавад?

Моҳпарӣ, аз Вахш.

Ҷавоб:-Ба чунин одамон Худованди азала ва ҷала рухсат додааст, ки рӯзаашонро бихӯранд, чунки рӯза гирифтан ҳоли чунин беморонро вазнинтар карда метавонад. Танҳо шахси бемор бояд бар ивази хӯрдани рӯзаи моҳи шарифи рамазон фидяи савм диҳад. Миқдори фидяи савм тибқи фармони Шӯрои уламо имсол барои як рӯз 10 сомонӣ муқаррар гаштааст. Беморе, ки рӯза намедорад, бояд ҷамъулҷамъ 300 сомонӣ фидяи савм диҳад. Пирони барҷомондаи 80-90-сола  низ ба ин гурӯҳ шомиланд, зеро онҳо бо сабаби камқувватӣ тавони дар ин айёми гармо рӯза гирифтанро надоранд.

Савол:-Бемор ё пири фартут, агар камбизоат ва тавони пардохти чунин маблағро надошта бошад, бояд чӣ кор кунад?

Ҷавоб:-Бе кас бошад, аз гарданаш соқит аст, вале ворис, яъне фарзанд дошта бошад, бояд ҳатман фидяи савмро пардохт намояд.

-Бемороне, ки мубталои касалии қанд ҳастанд, ҷисмашон оби зиёдро талаб мекунад. Ман чандин сол боз ба ин касалӣ гирифторам ва 18 соат рӯза дошта наметавонам. Худро дарун ба дарун хӯрда истодаам, ки аз фармудаи Худованд саркашӣ карда, рӯзаи моҳи шарифи рамазонро намегирам. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?

Хайриддин, аз ш. Қурғонтеппа.  

Ҷавоб: -Бародари азиз, худро ин қадар ранҷ надиҳед. Шариати ислом ба касоне, ки ба бемории қанд гирифтор ҳастанд ва дар сурати об нанӯшидан бемориашон хурӯҷ мекунад, иҷозат додааст, ки рӯза нагиранд. Бо пардохти фидяи савм шумо гуноҳи худро дар назди худованд мешӯед.

Фитри рӯза чӣ қадар муайян шудааст? Оё бо сабаби буҳрони молӣ кам кардани он имкон дорад?

Манучеҳр, ш. Душанбе.

Ҷавоб: —Аз қадиммулайём дар Осиёи Марказӣ фитри рӯзаро аз рӯйи нархи гандум ё мавиз ҳисоб мекунанд. Шояд саволе пайдо шавад, ки чаро маҳз гандум? Гап сари он аст, ки дар он солҳо гандум ғизои аввалиндарҷаи мардум ба ҳисоб мерафт ва қимматбаҳо низ буд, аз ҳамин хотир гандумро дар мади аввал гузоштаанд. Имсол дар бозор як кило гандум 5 сомонӣ арзиш дорад. Аз ҳамин сабаб фитри рӯза ба сари ҳар як аъзои хонавода 5 сомонӣ муқаррар гаштааст. Касоне, ки сарватманд ҳастанд ва имконияти васеътар доранд, метавонанд фитри рӯзаро ба ҳисоби мавиз диҳанд. Хонавода 10 нафар бошад, агар бо ҳисоби нархи гандум фитри рӯзаро диҳанд, ин 100 сомонӣ мешавад, вале бо ҳисоби нархи мавиз 480 сомонӣ.

Савол:-Фитри рӯзаро ба кӣ додан беҳтар аст: ба эмоми масҷид, ба беморон ё ба ягон оилаи камбизоат?

Мағфират, н. Рӯдакӣ.

Ҷавоб:-Фитри рӯза ба камбағалон, нодорон, бечорагон ва фақирон дода мешавад. Ҳар қадаре, ки нодору муҳтоҷу ниёзмандтар бошад, ҳамон қадар савобаш зиёдтар аст. Дар ҳадис омадааст, ки ҳар садақае, ки дар моҳи шарифи рамазон карда мешавад,аз 10 то 700 аҷр дорад. Дар ин моҳи муборак дили фақиронро ба даст оварда, аз савоби Худованд баҳравар гардед!

-Раваду камбағалӣ аз ҳисоби танбалӣ бошад-чӣ?

Ҷавоб:-Камбағалӣ се намуд мешавад. Камбағалӣ аз рӯйи танбалӣ, камбағалӣ бо сабаби монеагӣ ва камбизоатие, ки азалӣ, яъне аз тақдиру насиб аст. Камбағалии азалӣ чунин аст, ки одам ранҷ мекашад, меҳнат мекунад, вале бою бадавлат намешавад, чунки аз азал Худованд ба ӯ ҳамон қадар ризқу рӯзӣ ато намудааст. Камбизоатии танбалӣ бо сабаби коҳилии инсон ба вуҷуд меояд, яъне дасту бозуи пурқувват дорад, вале кор кардан намехоҳад. Камбизоати монеъгӣ он аст, ки одам заҳмат мекашад, вале дигарон дар сари роҳи ӯ монеа эҷод намуда, намегузоранд, ки кораш пеш равад. Хайр кардан ба афроде, ки Худованд камбизоатиро аз азал насибашон нагардонидааст ва ба касоне, ки бо сабаби монеъ гаштани дигарон корашон пеш намеравад, савоби зиёде дорад.

Савол: -Ҳамеша барои кабӯтарон дон мехарам. Ба пули фитри рӯза дон харида ба паррандаҳо диҳам, қабул мешавад?

Ашк, ш. Қурғонтеппа.

Ҷавоб:-Не, қабул намешавад. Албатта он ки шумо ба кабӯтарон дон медиҳед, амали савоб аст, вале ба паррандаҳо, ҳамчунин ба падар ё модари худ додани фитри рӯза ҷоиз нест, чунки ин ҳолат аз раҳму шафқати инсон вобастагӣ дорад. Тибқи фиқҳи исломӣ фитри рӯза бояд ба шахси мусалмони ниёзманд дода шавад.

Савол: —Тақвими моҳи шарифи Рамазони ҶТ аз тақвими Ҷумҳурии ҳамсояамон-Ӯзбекистон фарқияти зиёд дорад. Масалан, дар мо соати 3:15 субҳи содиқ нишон дода шудааст, дар тақвими онҳо бошад қариб ним соат зиёдтар, наздикии соати 4. Бибию бобоҳоям мегуфтанд, ки то 10-15 дақиқа пеш аз субҳ дамидан хӯрдан ҷоиз аст. Дар ин масъала шумо чӣ мегӯед?

Ҷавоб:-Шахсан ман ба тақвими Ӯзбекистон шиносоӣ надорам, аммо он чизе, ки дар тақвими мо омадааст, дар натиҷаи таъсиси комиссияи махсуси мутахассисони варзидаи соҳа мебошад. Онҳо муддати се моҳ ғуруб, тулӯъ ва субҳи содиқро ҳар рӯз пайгирӣ мекарданд. Дар натиҷаи таҳлил ва ташхиси ҳамон комиссия вақти субҳ ва шом  муайян карда шуд. Бо боварии комил ба мардуми Тоҷикистон гуфта метавонам, ки ин тақвими мо сад дар сад дуруст аст.

-Чаро идҳои мусалмонӣ дар кишвари мо аз ҳамсоякишварҳо як рӯз пеш ё як рӯз қафо ҷашн  гирифта мешаванд? Мо дар як хати экваторӣ зиндагӣ мекунем-ку!

Додобой, ш. Панҷакент.  

Савол: -Чаро идҳои мусалмонӣ дар кишвари мо аз ҳамсоякишварҳо як рӯз пеш ё як рӯз қафо ҷашн  гирифта мешаванд? Мо дар як хати экваторӣ зиндагӣ мекунем-ку!

Додобой, ш. Панҷакент.

Ҷавоб:-Муддати чор-панҷ сол мешавад, ки ҳар сол мо ба Институти астро-физикаи назди академияи илмҳои Тоҷикистон ҶТ мактуби расмӣ ирсол намуда, хулосаи онҳоро мегирем. Сабаби фарқ кардани рӯзҳои ид дар он аст, ки мо кишвари куҳӣ ҳастем. Тибқи хулосаи Институти астро-физика тақрибан 34 соат моҳи нав дар Тоҷикистон дида намешавад. Аз ҳамин сабаб мо рӯзҳои аввали моҳро дида наметавонем ва дар идҳоямон фарқият ба вуҷуд меояд.

Савол: -Нафароне, ки рӯза намедоранд, фитри рӯза медиҳанд ё не?

Нилуфар, ш. Душанбе.

Ҷавоб:-Медиҳанд.

Савол: -Мегӯянд, ки агар рӯза нагирӣ, бояд чанд касро хӯрок бидиҳӣ. Ин андеша то куҷо ҳақиқат дорад?

Рустам, аз н. Ҳисор.

Ҷавоб:-Ин андеша хурофотӣ буда ба шариат заррае наздикӣ надорад. Суханҳои беҳуда ҳастанд. Ин гапҳоро одамон аз пеши худ мебофанд. Ҳар нафаре, ки рӯзаашро қасдан мехӯрад, бояд кафорат диҳад. Кафорати рӯзаро дини мубини ислом ду моҳу даҳ рӯз муқаррар кардааст.

Савол: -Подоши рӯзадорон чист ва шахсе, ки  рӯза намедорад, дар қиёмат аз Худованд чӣ ҷазо мегирад?

Амирбек, ш. Қурғонтеппа.

Ҷавоб:-Касе, ки рӯза намегирад, дар қиёмат албатта ба иқобу азоби Парвардигор гирифтор мешавад. Барои рӯзадорон дари махсусе дар биҳишт боз аст, ки Раён ном дорад. Бо вуҷуди гуноҳ доштанашон шахсоне, ки рӯзаи моҳи шарифи рамазонро медоранд, тавассути ҳамин дар ба ҷаннат ворид мешаванд.

Савол: Дар динҳои дигар фақат аз меҳру муҳаббат ва меҳрубонии Худованд ҳарф мезананд, вале мубаллиғони ислом фақат аз ғазаби Худованд гап мезананд. Чаро чунин аст?  

Ҷавоб: -Мо ҳеҷ гоҳ аз раҳмати Парвардигор ноумед нестем. Раҳмати Худованд ончунон васеъ аст, ки ҳамаро фаро гирифтааст. Он чизеро, ки шариат муайян кардааст, домулло ё рӯҳонӣ ҳақ надорад аз пеши худ тағйир диҳад, масалан, барои рӯзадор аҷру барои рӯзахӯр иқобро муайян кардааст,  домулло бояд албатта онро ба мардум бирасонад. Ҳамчуноне, ки Худованд ҳар чизеро, ки ба  Пайғамбар (с) дастур медод, паёмбар ба мардум мерасонд, вазифаи домуллоҳо низ фармудаҳои Худовандро ба мардум расонидан аст, хоҳ ҷазо, хоҳ савоб ё азоб. Дар ин масъала ҳадиси саҳеҳе ҳаст, ки нафаре аз қавмҳои Мӯсо пеш аз Пайғамбари мо ба назди як чаласавод (бесавод) рафт ва гуфт, ки ман гуноҳ кардам, Худованд тавбаи маро қабул дорад? Пурсид, ки чӣ гуноҳ кардӣ? Гуфт 99 касро ба қатл расонидам. Марди чаласавод ба ғазаб омада, дод зад, ки Худо ҳаргиз туро намебахшад, аз ман дур шав, ки бо касофатии ту ман ҳам ба ғазаби Худованд гирифтор нашавам. Ҷавони гунаҳгор гуфт, ки агар чунин бошад, пас ҳисобро пурра мекунам ва он чаласаводро низ кушта роҳашро идома дод. Ҳарчанд роҳ мерафт,  дар қалбаш тарси Худованд ҷӯш мезад. Тасодуфан бо ҳакиме вохӯрд ва аз ӯ низ пурсид, ки оё Худованд баъди куштани 100 нафар тавбаи ӯро қабул мекарда бошад ё не, он олими давр ҷавоб дод, ки албатта қабул мекунад, чунки дари раҳмати Худованд ҳамеша боз аст.  Инсон то сакароти мавт имконияти тавба карданро  дорад. Мо бояд инро ба мардум фаҳмонем.

Савол: -Одам рӯза гираду намози таровеҳ нахонад, рӯзааш қабул мешавад ё не?

Комрон, ш. Кӯлоб

Ҷавоб: —Рӯза қабул мешавад, вале аз савоби таробеҳ маҳрум мемонад.

Савол: —Дар рамазон барои занҳо хондани намози таровеҳ ҳатмист?

Мадина, н. Фархор.

Ҷавоб: -Зану мард дар ибодат кардан баробарҳуқуқ ҳастанд. Занҳо низ метавонанд таровеҳ хонанд, вале дар алоҳидагӣ. Намози ҷамоат барои занҳо шарт нест.

Савол: -Дар синни 30-солагӣ намозхон шудам. Мехоҳам оҳиста-оҳиста намозҳои қазоии 21 –солаамро хонам, вале намедонам, ки чӣ хел ният кунам. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?

Муҳаммад, ш. Душанбе.

Ҷавоб:-Метавонед баъди ҳар намоз ду-се намози қазоӣ хонед. Қазои пешин (аср, шом, хуфтан) гуфта хондан мегиред. Барои қазоҳои гузашта як азон ва дигар қомат гуфта мехонанд.

Савол:-Дар дини мубини ислом синну соли намозхон  ва рӯзагиранда  муайян шудааст?

Одина, ш. Кӯлоб.

Ҷавоб:-Вақте инсон ба балоғат расид, намозу рӯза дар гарданаш қарз мешавад. Ба ҳисоби умум писарҳо аз 12- солагию духтар аз 9- солагӣ. Дақиқтар карда гӯем, писарҳои аз давраи ихтилоф ва духтарҳо баробари ҳайз диданашон болиғ ҳисоб мешаванд ва рӯзаю намоз дар гарданашон фарз мегардад.

Савол:- Агар зан рӯза дошта бошад ва баъди нисфирӯзи ҳайз бинад, рӯзаашро мехӯрад ё то бегоҳ нигоҳ медорад?

З, хонандаи «Оила».

Ҷавоб: -Ҳайз, ки дид, хӯрданаш ҳатмӣ аст, вале қазои рӯзи хурдаашро мегирад.

Савол: —Намози пешинро то кадом вақт хондан мумкин аст?

Ибодулло, н. Рӯдакӣ.

Ҷавоб:-Айни ҳол ҳар шахс метавонад то соати 17:40 фарзи намози пешинро гузорад.

Савол: -Бо шортики аз зону поён намоз хондан ҷоиз аст?

Умедҷон, ш. Душанбе.

Ҷавоб:-Сатри мард аз ноф то зону аст, лекин бо чунин либос намоз хондан беодобӣ дар намоз ҳисоб мешавад. Аслан бояд то болои буҷулаки пойи намозгузор махкам бошад. Вақти ба ягон маросими расмӣ рафтан шортик намепӯшед-ку! Намоз мулоқоти банда бо Худованд аст. Мо тавони дидани Парвардигорро надошта бошем ҳам, Ҳақ Таоллоҳ моро мебинад, барои ҳамин ҳангоми ибодат кардан либоси муносиб ба бар намудан лозим аст. Имон адаб аст гуфтаанд, намозгузор бояд одоби либоспӯширо риоя намояд.

Савол: -Бо сабаби фаромӯшхотирӣ қадре об ё хӯрок хурӣ, рӯзаат қабул мешавад?

Пайрав, ш. Турсунзода.

Ҷавоб: Агар дар ҳолати фаромӯшхотирӣ инсон чизе хӯрад, инро туҳфаи Худованд мегӯянд, вале баробари ба ёдаш расидан, одам бояд луқмаро аз даҳонаш гирифта хӯрданро қатъ намояд.

Савол: -Миёни мардуми тоҷик андешае ҳаст, ки духтар, агар ҳанӯз шавҳар накарда бошад, ҳайз бинад ҳам, бояд рӯзаашро нахӯрад, вале зан баробари касалии занона шудан, дигар ҳаққи рӯза доштан надорад, зеро танаш «ҳаром» ҳисоб мешавад. Мехоҳам донам, ки ин гуфтаҳо ҳақиқат доранд ё не?

Ш., хонанда.

Ҷавоб:- Фарқ надорад, ки шавҳар кардааст ё не, шариати ислом барои занҳое, ки узр доранд, зарур медонад, ки рӯзаашонро бихӯранд, зеро зан дар ин ҳолат эҳсоси дарду бемадорӣ мекунад. Худованд намехоҳад, ки болои ин дардҳо дарди дигар илова кунад, барои ҳамин ба занҳо сабукӣ дода, дар ин рӯзҳо онҳоро аз рӯза доштан озод намудааст.

Савол: -Мегӯянд, ки рамазонро аз аввалаш нагирӣ, аз нима ё охираш гирифтан раво нест. Раваду одам баъди гузаштани чанд рӯзи рамазон ба худ омада, рӯза гирифтан хоҳад, магар рӯзааш қабул намешавад? 

Ҷавоб:- Инсон, агар 25 рӯзи рамазонро хӯрда бошад ҳам, агар дар рӯзи 26-ум ба худ омада, рӯза гирифтан хоҳад, бе мамоният метавонад, ки нияти рӯза кунад.

Савол: -Баъзе муллоҳо мегӯянд, бо сабаби он ки нос фурӯ бурда намешавад, кашидани он рӯзаро намешиканад. Мегуфтед, ки  бо кадом далел кашидани нос рӯзаро  мешиканад?

Лоиқ, Қӯрғонтеппа.

Ҷавоб: -Рӯза гирифтан ба хотири даст кашидан аз рафтору гуфтори бад аст, ки ба инсон зарар мерасонад. Рӯза дар як сол як маротиба аст, аз ҳамин хотир мо бояд ақаллан дар ҳамин 30 рӯзи моҳи мубораки рамазон одатҳои бадро фаромӯш карда вуҷуду дасту дилу забони худро ба хотири Худованд пок нигоҳ дорем. Як бародари мусалмон нақл карда буд, ки домулло, ҳар сол дар моҳи шарифи рамазон ба сари оилаи мо як мусибати калон меояд. Пурсидам, ки он чӣ мусибате будааст, ки дар ин моҳи муборак меояд. Гуфт, ки падарам носкаш аст, вақте рӯза сар мешавад, ӯро кайфи нос мегирад ва ҳамаамонро дашному ҳақорат медиҳад, диламонро меозорад. Ба он ҷавон гуфтам, рафта ба падарат бигӯй, ки муфтӣ мегӯяд дигар рӯза надорад. Ҷавон ин гапро шунида ҳайрон шуд. Гуфтам, модоме, ки рӯза падари шуморо заррае тағйир надодааст, аз рӯза гирифтанаш ҳеҷ фоида нест.

Дар ин маврид Ҳасани Басирӣ мегӯяд, ки ҳар ибодатеро анҷом додию туро тағйир надод, бидон, ки ибодатат дар назди Худованд қабул нест. Ибодат, агар қабул шавад, инсонро тағйир медиҳад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *