Раиси шаҳри Бохтар аз мақомаш барканор карда шуд
Исмоилзода Абдуалим, раиси шаҳри Бохтар аз вазифааш барканор карда шуд.
Дар ин бора як манбаъ аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба Prssa.tj хабар дод. Бояд гуфт, ки Исмоилзода Абдуалим аз сентябри соли 2017 то имрӯз шаҳрдори шаҳри Бохтар буд. Ӯ дар ин мақом Амирулло Асадуллоро иваз карда буд. Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки раиси маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар киро таъин кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ