Раиси шаҳри Турсунзода: Корҳои сохтмониро сари вақт амалӣ намоед!
Боздиди раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам аз вазъи таълиму тарбия ва шароити таҳсил дар муассисаҳои таҳсилотии ҳудуди ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият, аз ҷумла муассисаҳои №№15, 78, 116 ва рафти бунёди МТМУ №93 идома ёфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси шаҳри Турсунзода, дар ҷараёни боздид аз шароити муассисаҳо бунёди 6 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилотии№116 ба нақша гирифта шуд.
— Инчунин, раиси шаҳр аз рафти корҳои сохтмонӣ дар МТМУ№93 дидан намуд. Ба бинокорон вобаста ба сари вақт ва бо риояи талаботи меъморӣ амалӣ намудани корҳои сохтмонӣ дастур дода шуд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ