Раиси Ширкати «Барқи тоҷик» сабаби норасоии неруи барқро гуфт
Маҳмадумар Асозода, раиси Ширкати «Барқи тоҷик» зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки сабаби норасоии мавсимии неруи барқ паст шудани сатҳи об ва зиёд шудани талабот мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, соли 2024 истеҳсоли барқ ба 17,42 млрд кВт/соат расидааст. Нисбат ба соли 2023 941,5 млн кВт/соат зиёд мебошад.
Ҳамзамон, талафоти неруи барқ кам гардида, содироти он низ коҳиш ёфтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ