Раиси собиқи амнияти Ӯзбекистон ба 18 сол ҳабс маҳкум шуд
Ихтиёр Абдуллоев, раиси пешини Хадамоти давлатии амнияти Ӯзбекистон бо айби ташкили ҷамъияти ҷиноӣ 18 сол зиндонӣ шуд.
Додгоҳи низомии Ӯзбекистон ҳукми Абдуллоев ва ҳаммаслаконашро рӯзи 27 сентябр эълом кард.
Аз маркази матбуотии додгоҳ хабар доданд, ки Ихтиёр Абдуллоев дар ташкили ҷамъияти ҷиноӣ, порагирӣ, хилофи манофеи Ӯзбекистон амал кардан, тамаъҷӯӣ, дуздии амволи ғайр, вайрон кардани қонунгузории соҳаи гумрук, сӯистифода аз мансаб айбдор шуд.
Додгоҳ ҳамчунин Ҷаҳонгир Игамов, муовини пешини раиси Хадамоти давлатии амниятро (ХДА) 16 сол, мушовири пешини раиси (ХДА) Алишер Ишанхоҷаевро 17 сол, муовини пешини додситонии шаҳри Тошканд Ёркин Абдуллоевро 14 сол ва афроди дигари шомили ҷамъияти Ихтиёр Абдуллоевро ба солҳои гуногуни зиндон ҳукм кард.
Ихтиёр Абдуллоев соли 2018 раиси ХДА таъйин шуд. Вай то он замон додситони кулли Ӯзбекистон буд. Пештар сенатор ё вакили палатаи болоии порлумони Ӯзбекистон буд.
Абдуллоев моҳи феврали соли ҷорӣ аз мақоми раисии ХДА барканор шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ