Раиси собиқи Кумитаи амният бозпурсӣ шуд
Нуртай Дутбоев, раиси пешини Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон дар доираи парвандаи куштори мудири иҷроияи бонки «ТуранАлем» Ержан Татишев бозпурсӣ шуд.
Дутаев, ки моҳи январи соли ҷорӣ бо айби ошкор кардани сирри давлатӣ 12 сол зиндонӣ шудааст, дар бораи «ихтилоф»-и Татишев ва Мухтор Аблязов, мухолифи фирории Қазоқистон изҳори назар кард. Ба гуфтаи Дутбоев, ихтилофи ин ду тан сари дороиҳо сурат гирифта буд.
Ахиран додгоҳ шоҳидии чанд тани дигарро шунид. Яке аз шоҳидон гуфт, чанде пеш аз марги Татишев миёни вай ва Аблязов гӯё ихтилоф сар зада буд.
Нисбати Аблязов дар доираи парвандаи марги Татишев ғоибона айби «ташкили куштор» эълон шудааст. Мухтор Аблязов пештар борҳо ин айбро рад кард.
Ержан Татишев соли 2004 кушта шуд. Тафтишот он замон гуфт, ки марги вай як ҳодисаи нохуш буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ