Раиси Суғд ба масъулини «Спитамен»: Ба масъалаи маош ҳам таваҷҷуҳ диҳед! (аудио)

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Спитамен» васлу насби хати нави истеҳсолӣ ҷараён дорад. Баробари ба охир расидани корҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот зиёд ба кишварҳои Қазоқистону Ӯзбекистон содирот карда мешавад.

Бино ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, корхонаи мазкур аз калонтарин корхонаҳои саноатии ноҳияи Деваштич буда, бо тамғаи «Оҳаки Ғончӣ» маҳсулоти сохтмонӣ истеҳсол мекунад. Муассисони корхона бо назардошти панҷсолаи рушди саноат эълон шудани солҳои 2022-2026 тасмим гирифтаанд, ки фаъолиятро тақвият бахшида, хати навро фаъол созанд.

Маврид ба зикр аст, ки корхона аз соли 2011 инҷониб фаъолият дошта, дар соли 2020 ба маблағи зиёда аз 3 миллион сомонӣ ва дар соли 2021 ба маблағи 4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот низ дар ҳоли афзоиш мебошад. Агар соли 2020 чор ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол намуда бошад, дар соли 2021 ин рақам ба панҷ ҳазор тонна расидааст.

Тибқи иттилои манбаъ, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Спитамен» бо истифода аз дастгириҳои давлатӣ фаъолияти хуб дошта, истеҳсолот ба таври автоматӣ идора карда шуда, сифати маҳсулот дар озмоишгоҳи корхона санҷида мешавад. Барои нигаҳдории маҳсулот анбор мавҷуд буда, бо назардошти фаъолият намудани корхона бо ангиштсанг миқдори зарурии ангиштсанг захира карда шудааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз корхонаи мазкур масъулини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Спитамен» -ро вазифадор намудааст, ки дар баробари беҳтар намудани шароити корӣ ва мақсаднок истифода намудани боигариҳои табиӣ ба масъалаи баланд бардоштани музди меҳнати кормандон минбаъд таваҷҷуҳ равона созанд.

Бино ба иттилои шахсони масъул, айни замон кормандони ин корхонаи истеҳсолӣ бо либоси корӣ ва се вақт хӯроки гарм таъмин буда, музди маошашон сари вақт пардохт карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *