Раиси Суғд оилаи ҳунарманди фавтида Дамирбек Олимовро аёдат кард (аудио)
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич оилаи ҳунарманди маҳбуб, шодравон Дамирбек Олимовро аёдат кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар суҳбат бо падари ҳунарманди шодравон Ботур Олимов роҳбари вилоят аз хизматҳои Дамирбек Олимов дар рушди санъати тоҷик ситоиш карда, даргузашти марҳумро, ки ҳанӯз 33 сол дошт, талафоте барои фарҳангу ҳунар арзёбӣ намудааст. Гуфта шудааст, ки суруду таронаҳое, ки Дамирбек Олимов иҷро кардааст, дар хазинаи фарҳанги миллат маҳфуз хоҳанд монд.
Ёдовар мешавем, ки Дамирбек Олимов соли 1989 дар шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич ба дунё омада, фориғуттаҳсили Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз буд. Ӯ дорои истеъдоди фитрӣ буд ва дар мусиқии поп ва классикӣ таронаҳои зиёде сурудааст. Ҳунарманд моҳи феврали ҳамин сол бар асари садамаи нақлиётӣ аз олам гузашт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ