Раиси суд 7 сол зиндонӣ шуд
Икром Ҷумъазода, раиси пешини суди ноҳияи Айнӣ, бо гуноҳи ришвагирӣ ба ҳафт соли зиндон маҳкум шудааст.
Дар ин бора Муҳаммад Мирзозода, иҷрокунандаи вазифаи раиси суди вилояти Суғд, дар нишасти матбуотӣ хабар додааст. Ӯ гуфт, ҳукми Ҷумъазодаро Суди олии Тоҷикистон содир кард.
Раиси пешини суди ноҳияи Айнӣ тобистони соли гузашта аз тарафи маъмурони Агентитии зидди коррупсия дастгир шуда буд. Мақомот ӯро дар ду ҳолат ба гирифтани тақрибан ҳаштсад доллар айбдор карданд. Аммо баъзе аз манобеъ маблағи ришваро 16 ҳазор доллар гуфта буданд.
Қарори барканории Икром Ҷумъазода рӯзи 30-юми июл аз мақоми раиси суди ноҳияи Айнӣ содир шуд. Сабаби барканории ӯро Президент “содир намудани кирдоре” донист, ки “шаъну эътибори судяро паст мезанад”.
Масъалаи боздошти Икром Ҷумъазода баъди он доғ шуд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз эҳтимоли озодӣ ва ё бараъкс бад шудани вазъи саломатии ӯ дар СИЗО-и рақами дуи Хуҷанд хабарҳо паҳн шуд.
“Ҳукми Икром Ҷумъазода мавриди иҷро қарор гирифтааст ва ҳоло ӯ дар зиндон адои ҷазо мекунад”, — гуфтааст иҷрокунандаи вазифаи раиси суди и вилояти Суғд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ