Раиси суд чаро сарбозро латукӯб кард?

Суди Олии Тоҷикистон рафтори раиси Суди ноҳияи Шамсиддини Шоҳинро таҳқиқ дорад, ки ба латукӯби як сарбози неруҳои марзбонӣ дар марз бо Афғонистон гумонбар мешавад.

Зоҳир Муминзода, раиси Суди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба он гумонбар аст, ки 8-уми июл як сарбози неруҳои марзбониро дар гузаргоҳи назоратии “Дараи об” (барои пурсидани ҳуҷҷати тасдиқкунанда) бо мушт задааст. Назари Муминзода ба ин ҳодиса дастрас нест.

Додрасҳо аз ҳақи дахлнопазирӣ бархӯрдоранд ва ба гуфтаи як манбаи Радиои Озодӣ дар Суди вилояти Хатлон, ҳоло Суди Олӣ таҳқиқоти дохилӣ анҷом медиҳад ва агар гуноҳи ӯ собит шавад, исмашро барои барканорӣ ба президент пешниҳод мекунанд. Дар ин сурат, имкон дорад, ки додситонӣ парвандаи ӯро таҳқиқ кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *