Раиси Суди Олӣ — президенти Федератсияи човандозон

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олии Тоҷикистон президенти Федератсияи човандозон ва пойгаҳи аспдавонӣ интихоб шуд. Президенти Федератсияи човандозон вазифаи ҷамъиятист ва онро то кунун Ҷамшед Машрабзода, раҳбари дастгоҳи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ба зимма дошт.

Дар ин бора Суҳроб Сафаров, ёрдамчии раиси Суди Олии Тоҷикистон 2-юми апрел иттилоъ дода, афзуд, ки интихоби Шоҳиён ба хотири рушди ин соҳа сурат гирифтааст. «Ин вазифаро ба ӯ вобаста карданд. Худаш солҳо боз ба асппарварӣ шуғли зиёд дорад.»

Шермуҳаммади Шоҳиён, аз ҷумлаи мансабдороне шинохта мешавад, ки ба асппарварӣ таваҷҷуҳи хоса дорад ва аспҳои марбут ба ӯ дар мусобиқаҳои бузкашӣ ва аспдавонӣ ҳамеша ширкат мекунанд.

Соли 2016 дар ноҳияи Муъминобод аспи Шермуҳаммади Шоҳиён бо лақаби «Файсон» шоҳҷоизаи бузкашии наврӯзӣ   мошини сабукрави «ВАЗ- 2107» ва шутурро соҳиб шуда буд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *