Раиси вилоят Соли навро ба сарбозон муборак гуфт
Имрӯз раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз қисмҳои низомии мустақар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Бӯстон боздид кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, раиси вилоят аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон афсарону сарбозонро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик гуфта, аз тадбирандешиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмили пояҳои моддиву техникии қисмҳои низомӣ ёдовар гардид.
— Таъкид карда шуд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои хизматчиёни ҳарбӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат рисолати худро иҷро намуда истодааст,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ