Раиси вилояти Фарғона зидди ҳиҷобу риш ҷанг эълом кард

Бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ навори садоиеро дастрас кард, ки дар он раиси вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон Шуҳрат Ғаниев ба зертобеонаш дастур медиҳад, маъракаеро зидди ҳиҷобу риш оғоз кунанд.

Ба гуфтаи манбаи мо, ин навор дар ҷаласаи ахири Ғаниев сабт шудааст. Дар он раиси вилояти Фарғона аз мансабдорони ноҳияҳо талаб мекунад, ки дар бораи кори худ ҳисобот диҳанд.

Тавре дар навор шунида мешавад, мавзуи асосии ин ҷаласа масоили марбут ба дин ва таҳсилоти миёна аст.

«… 386 нафари онҳо нобакорони ришдоранд. Таҳқиқҳо нишон дод, ки бештар аз ҳама сокинони Қӯқанд, Фарғона ва Марғелон ба ришҳои худ аҳамият намедиҳанд. Ҳамчунин 851 зану духтари ҳиҷобпӯш ба қайд гирифта шудааст. Бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Дертар 300 тани онҳо симои зоҳирии худро тағйир доданд», — иттилоъ медиҳад раиси вилояти Фарғона.

Ҳамчунин дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани 39 касе хабар дода мешавад, ки гӯиё бо таблиғи фаъолияти созмонҳои мамнуи динӣ машғул буданд. Раиси вилояти Фарғона ҳамчунин ёдовар мешавад, ки барои ташкили ҷойҳои намозхонӣ дар идораҳои давлатӣ қонунгузории Ӯзбекистон ҷавобгарӣ пешбинӣ кардааст.

«Бинобар ин, раисони муҳтарами ноҳияҳо, агар ман дар ҷаласаҳои шумо зани ҳиҷобдореро бубинам, он рӯймолро гирифта, ба даҳонатон хоҳам андохт. Барои ман фарқ надорад, ки вай раиси маҳалла, омӯзгор, соҳибкор ё вакили маҷлиси маҳаллӣ аст», — таҳдид мекунад Ғаниев.

Шуҳрат Ғаниев бо дашному тундгӯиҳои худ маъруф аст. Радиои Озодӣ дар гузашта борҳо наворҳои садоиеро аз ҷараёни ҷаласаҳои ӯ нашр кардааст, ки зертобеони худро дашном медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *