Раиси вилояти Хатлон дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок кард
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни боздиди худ аз Боғи фарҳангиву фароғатии шаҳри Левакант дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон, дар боғи мазкур 2582 дарахт нашъунамо дошта, аз онҳо 2000 арчаи ороишӣ ва 1413 дарахти сояафкан ҳастанд.
Инчунин, ба раиси вилоят иттилоъ дода шудааст, ки дар боғ 2600 адад гули садбарг, 6500 қаламчаи гули садбарг, 300 дона гули наргис, 2500 дона гули лола, 300 дона гули шому саҳар, 260 дона гули юка ва 1500 дона дигар намуди гулҳои мавсимӣ шинонида шудаанд.
— Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба масъулон вобаста ба вусъати корҳои хуррамгардонӣ, шинонидани дарахтони ороишӣ, чароғонкунӣ, ташкили шароити мусоид дар боғ барои истироҳати сокинону меҳмонон дастуру тавсияҳои судманд дод,- меафзояд манбаъ.
Қобили зикр аст, ки боғи фарҳангиву фароғатии шаҳри Левакант соли 1972 таъсис ёфтааст. Масоҳати он 10,0 га-ро ташкил дода, аз он ҷумла 4,8 гектар майдони боғу майсазоркунӣ, 0,5 гектар майдони Парчами миллӣ, 3 гектар майдони варзишии шаҳр ва дар боқимонда заминҳо Қасри фарҳанг, маҷмааи ёдгорӣ, ду майдончаи бозии кӯдакона, қаҳвахона, ҳоҷатхона, ду соябони замонавӣ, 8 намуди арғунчаку таҷҳизот барои бозии кӯдакон ва роҳравҳо мавҷуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ