Раиси вилояти Суғд Ҷӯрабек Набиевро аёдат кард
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиевро аёдат кард.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, раиси вилоят бо ёдоварӣ аз хизматҳои мондагори устоди ҳунар ҷиҳати тарғибу ташвиқ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани санъати волои миллати тоҷик Ҷӯрабек Набиевро, ки ба синни 81 расид, аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят табрик намуд ва ба ӯ тансиҳативу хотири ҷамъ, илҳоми саршор ва комёбиҳои нави эҷодиву ҳунариро таманно кард.
— Ёдовар бояд шуд, ки Ҷӯрабек Набиев баъди хатми Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Ленинобод (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) фаъолиятро дар боргоҳи азими ҳунар — Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба ҳайси солист-овозхон шуруъ кардааст. Сурудҳои классикӣ ва халқӣ, ки аз ҷониби Ҷӯрабек Набиев сароида шудаанд, дар хазинаи тиллоии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, Идораи телевизион ва радиои вилоят маҳфуз буда, имрӯз ҳам шунавандагону мухлисони бешумор доранд. Хизматҳои арзандаи устоди ҳунар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони баланди Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва як қатор ҷоизаву ифтихорномаҳо қадршиносӣ карда шудааст,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ