Раиси вилояти Суғд бо ҳайати дастаи «Хуҷанд» мулоқот кард
Дар толори меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти раиси вилояти Суғд, раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати дастаи футболи «Хуҷанд» баргузор гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, раиси вилоят зимни мулоқот аз таваҷҷуҳи хосаи Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба рушди футбол ёдовар гардида, таъкид кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати таъмини рушди футболи касбӣ аз тамоми имкониятҳо истифода менамояд.
— Дар натиҷаи татбиқи барномаҳои соҳавӣ рушди футбол дар мактабҳои варзишии вилоят дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монда шудааст. Маҳз натиҷаи рушди футбол аст, ки имрӯзҳо дар Лигаи олии мамлакат аз вилояти Суғд чор даста — «Хуҷанд», «Эсхата», «Равшан» ва «Истаравшан» ва дар Лигаи якум дастаи «Гулистон» бозӣ мекунанд,- меафзояд манбаъ.
Дар мулоқот ҳамзамон масъалаҳои мавҷуда мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи даста супоришҳо дода шудааст.
Бояд гуфт, ки дастаи футболи «Хуҷанд» соли 1991 яке аз аввалинҳо шуда ба Лигаи олии кишвар шомил шуда, то имрӯз яке аз дастаҳои пурқувват ва номдор дар ҷумҳурӣ аст. «Хуҷанд» бори панҷум Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб шуда, соли 2021 дар Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ мақоми дуюмро ишғол намуда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ