Раиси ВМКБ истеъфо надодааст. Дар ҷойи кор ва вазъият зери назорат аст!

Аз мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон истеъфои Алишер Мирзонаботро рад карданд. “Раис дар ҷойи кор ҳастанд ва вазъи вилоят зери назорати бевоситаи эшон аст” – гуфт, зимни суҳбат ба Pressa.tj Ғолиб Ниятбеков сардори дафтари матбуоти раиси вилоят.

Шаби гузашта журналист Додоҷони Атовулло дар саҳифаи фейсбукаш хабар дод, ки гӯё баъди ба Душанбе фуруд омадани тайёраи Президенти кишвар аз Ашхобод и.в. раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот аз мақомаш истеъфо дода бошад. Ин хабар зуд дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд. Вале субҳи имрӯз мақомоти ВМКБ ин хабарро рад карданд.

Ғолиб Ниятбеков мегӯяд, ки Алишер Мирзонабот дар маҳали кор буда, барои ба эътидол овардани вазъ дар Хоруғ талош мекунад.

Ёдовар мешавем, ки тайи чанд рӯзи охир дар шаҳри Хоруғ вазъ ноором буд ва мардум дар назди бинои ҳукумати вилоят гирдиҳамоӣ мекарданд.

Гирдиҳамоӣ баъди қазияи аз ҷониби Гулбиддин Зиёбекови 29-сола таҳдид ва латукӯб шудани ёрдамчии Прокурори ноҳияи Роштқалъа А. Абирзода сар зад. Зиёбеков зимни боздошт бо кормандони мақомоти қудратӣ вориди даргирӣ шуда безарар гардонида шуд. Ин қазия сабаб гардид, ки вазъ дар Хоруғ чанд рӯз ноором шавад.

Феълан баъди гуфтушуниди намояндагони тазоҳуротчиён бо мақомоти вилоят вазъ дар Хоруғ ба эътидол оварда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *