Раиси зидди ҳиҷобу риш огоҳӣ гирифт
Кумитаи ахлоқи Сенати Ӯзбекистон навори садоиеро, ки дар он раиси вилояти Фарғона Шуҳрат Ғаниев ба оғози маъракаи зидди ҳиҷобу риш дар вилоят дастур медиҳад, баррасӣ карда, ба ӯ огоҳии қатъӣ ва 3 моҳ муҳлати санҷишӣ дод.
Тавре дар навор шунида мешавад, Ғаниев дар ҷаласа мегӯяд, аз ҳама бештар сокинони Қӯқанд, Фарғона ва Марғелон ба ришҳои худ аҳамият намедиҳанд. Ҳамчунин дастур медиҳад, ки бо духтарону занони сатрпӯш корҳои «фаҳмондадиҳӣ» гузаронида шавад.
«Бинобар ин, раисони муҳтарами ноҳияҳо, агар ман дар ҷаласаҳои шумо зани ҳиҷобдореро бубинам, он рӯймолро гирифта, ба даҳонатон хоҳам андохт. Барои ман фарқ надорад, ки вай раиси маҳалла, омӯзгор, соҳибкор ё вакили маҷлиси маҳаллӣ аст», — таҳдид мекунад Ғаниев.
Вале дар ҳукумати вилояти Фарғона гуфтанд, ки навори ҷаласа дасткорӣ ва суханҳои раиси вилоят нодуруст оварда шудааст.
«Раиси вилоят дар бораи симои зоҳирии бархе аз шаҳрвандон суҳбат карда буд. Онҳо ришро мемонанд, вале ба он аҳамият намедиҳанд ва занон ҳиҷоб мепӯшанд. Бинобар ин, раиси вилоят гуфт, ин корҳо набояд талаботи ҳатмии дини мо дониста шаванд. Ҳамчунин қайд шуд, ки симои зоҳирии шаҳрвандон яке аз ҷанбаҳое аст, ки хориҷиҳо бар асоси он ба кишварамон баҳо медиҳанд. Мутаассифона, баъзе аз суханҳои қабеҳ ҳам гуфта шуд», — омадааст дар иттилоияи ҳукумати Фарғона.
Дастури Ғаниев ба оғози маъракаи зидди ҳиҷобу риш дар Фарғона нахустин фармони ошкорои як мансабдори ӯзбек дар ин мавзуъ аст. То ин дам мансабдорони ӯзбек ошкоро дар бораи маъракаи зидди ҳиҷобу риш суҳбат накарда буданд.
Бино ба хабарҳо, дар Қӯқанд донишҷӯёнеро пинҳонӣ рӯйхат мекунанд, ки рӯймоли мазҳабӣ мебанданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ