Раисони Чоркуҳ ва Ворух мошиндор шуданд
Музаффар Юнусов, роҳбари Хадамоти матбуоти ҳукумати Суғд иттилоъ додааст, ки Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд аснои як сафари корӣ ба ҷамоати Чоркӯҳи Исфара ба раисони ҷамоатҳои Ворух ва Чоркӯҳ мошини сабукрави хизматӣ аз номи Президенти кишвар тақдим намудааст.
Калиди мошинҳо бевосита ба дасти Шукрилло Нариддинов раиси ҷамоати Чоркӯҳ ва инчунин ба Меҳриниссо Раҳматова, раиси ҷамоати Ворух супорида шуд”, — гуфтааст Юнусов.
Бино ба иттилоъи манбаъ, тӯҳфаҳо мошинҳои тамғаи “Niva” буда, ҳамчун мошинҳои хизматӣ ба раисони ҷамоатҳои наздимарзӣ тақдим гардидааст.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуот, дар баробари эътои мошинҳои хизматӣ ба раисон ҷамоатҳо, ҳамчунин се мошини бокашони тамғаи “Портер”, аз номи ҳукумати вилояти Суғд ба Идораи хоҷагии манзилию коммунналии шаҳри Исфара тақдим шудааст.
Тақдими мошинҳои хидматӣ ба раисони ҷамоатҳо дар Тоҷикистон ҳодисаи камназир маҳсуб мешавад.
Чоркӯҳ ва Ворух аз ҷамоатҳои наздимарзӣ ба Қирғизистон ба шумор мераванд, ки ба далели аломатгузорӣ нашудани хатти сарҳад то ин замон борҳо шоҳиди муноқишаи марзӣ гардидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ