Раисони ИНТ ва ИНҚ дар Алмаато мулоқот мекунанд

То фардо, 29-уми августи соли 2023 дар Ҷумҳурии Қазоқистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома меёбад, ки дар ҷараёни баргузории он 110 нафар намояндагони аҳли фарҳанг ва санъату ҳунари тоҷик иштирок карда истодаанд.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар доираи баргузории Рӯзҳо, 29-уми август дар шаҳри Алмаато мулоқоти раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо намояндагони Иттифоқи нависандагони Қазоқистон баргузор мегардад.

Инчунин, дар Консерваторияи миллии Қазоқистон ба номи Курмангази вохӯрии композиторони тоҷику қазоқ ва дар театри санъати анъанавии «Алатау» намоиши филми бадеии «Оинаи беҷило» (коргардон Носир Саидов) ба нақша гирифта шудааст.

— Ҳамчунин, дар даромадгоҳи театр намоиши ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ, аксу мусаввараҳо ва консерти устодони санъати Тоҷикистон баргузор мегардад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *