Раисони маҳаллаҳо интихобӣ мешаванд?

Кумитаи рушди маҳалли Тоҷикистон хостори интихобӣ будани вазифаи раисони ҷамоатҳо дар кишвар мебошад.Қосими Роҳбар, раиси Кумитаи рушди маҳал рӯзи сешанбеи 10 январ дар ҷараёни нахустин нишасти хабарии ин ниҳод дар шаҳри Душанбе гуфт, ки барои иҷрои ҳадафҳои ин кумита ва ҳалли бештаре аз масоили шаҳраку деҳоти Тоҷикистон, вазифаи раиси ҷамоатҳо дар кишвар бояд интихоботӣ бошад.

Вай дар посух ба суоли  расонаҳо гуфт, «ҳоло низ раисони ҷамоатҳо бо пешниҳоди ҳукумат аз тарафи сокинон интихоб мешаванд. Вале хуб мешавад, агар номзадҳои алтернатив дар чунин интихоботҳо ширкат дошта бошанд ва мардум аз рӯи барномаҳояшон номзади беҳтаринро интихоб кунанд».

Дар идомаи посухи худ Қосими Роҳбар гуфт, аммо «бояд таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя назири Қирғизистон омӯхта шавад, то ҳолатҳое рух надиҳанд, ки сокинон дар тӯли як рӯз се маротиба раиси ҷамоати худро аз нав интихоб кунанд«. Ба иттилои Қосими Роҳбар, феълан дар Тоҷикистон 370 ҷамоат ва 60 шаҳрак вуҷуд доранд.

Кумитаи рушди маҳалли Тоҷикистон дар соли 2013 бар асоси фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон таъсис шудааста. Раҳбари Қосим, ки он замон дар мақоми вазири кишоварзии Тоҷикистон кор мекард, нахустин раҳбари ин ниҳод таъйин шуд. Феълан дар ин ниҳод 35 нафар кор мекунанд. Ин ниҳод дар ҳоли ҳозир дар минтақаҳои кишвар намояндагиҳои худро надорад, вале фаъолияти асосии он бо шаҳраку ҷамоатҳои кишвар вобаста аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *