Раисони ноҳияҳо бемасъулиятанд?

Шикоят ба парлумон то ҳол зиёд аст

Дар соли 2020 ба унвони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон 414 муроҷиати хаттӣ ворид гардида, 2641 нафар шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарият ва вакилони Маҷлиси намояндагон қабул карда шудаанд.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти парлумони кишвар, роҳбарияти Маҷлиси намояндагон 420 нафар ва аъзои кумитаю комиссияҳо 2221 нафар муроҷиаткунандагонро ба ҳузур пазируфтанд.

Гуфта шудааст, ки аксарияти муроҷиатҳо тибқи тобеият барои баррасӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо фиристода шудаанд.

Қайд карда шудааст, ки аз 391 муроҷиати хаттӣ баррасии 354 адади он таҳти назорат  қарор дода шуда, аз ин шумора талабу дархости 246 нафар муроҷиаткунанда пурра, муроҷиати 25 нафар қисман ҳалли худро ёфтааст.

“Ба 83 нафар муроҷиаткунанда моҳияти мавзӯи дар муроҷиат ба миён гузошташуда фаҳмонда шуда, ба талаботи қонунҳои амалкунанда мутобиқ набудани ин муроҷиатҳо шарҳ дода шудааст. Айни ҳол, 60 муроҷиатҳои шаҳрвандон зери назорати кумитаҳо ва  сохторҳои дигари Маҷлиси намояндагон  қарор доранд”, — қайд кардааст дафтари матбуоти Парлумони кишвар.

Ҳамзамон, манбаъ таъкид нашудааст, ки вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони Дастгоҳи он, муроҷиатҳои шаҳрвандонро дар муҳлатҳои  муайянгардида баррасӣ намуданд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки таҳлилҳои охир аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки шумораи муроҷиатҳои ба Маҷлиси намояндагон воридгардидаи шаҳрвандон ҳанӯз ҳам зиёд аст.

“Ин ҳолат аз пурра истифода нашудани ваколату имкониятҳои масъулини мақомоти шаҳру ноҳияҳо ва баъзе вазорату идораҳои дахлдорро дар самти ҳаллу фасл намудани муроҷиатҳои шаҳрвандон нишон  медиҳад”, — зикр намудааст манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *