Раисони суди ду вилоят ва чанд ноҳия иваз шуданд
Президенти Тоҷикистон имрӯз, 17-уми феврал дар низоми судии кишвар тағйироти кадриро амалӣ намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Президент Оқилзода Бахтиёрро раиси Суди вилояти Суғд ва Мирзозода Рустамро раиси Суди вилояти Хатлон таъйин намудааст.
Манбаъ афзуд, ҳамчунин раисони нави суди ноҳияи Рӯшон, Қубодиён, Вахш, Сино, шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Истиқлол ва шаҳру навоҳии Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Тоҷикобод, раисони суди ҳарбии гарнизонҳои Хатлону Душанбе таъйин шуданд: “Инчунин қариб 60 коромӯз-судяҳо бори аввал дар мақомоти судӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба фаъолият оғоз мекунанд”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур таъкид кардааст, ки аксарияти кадрҳои навтаъин мутахассисони ҷавону лаёқатманд ва соҳибтаҷриба мебошанд. Эмомалӣ Раҳмон аз додрасҳои навтаъин хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан, арҷгузорӣ ба манфиатҳои миллии давлат, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини адолати судӣ ва муҳимтар аз ҳама, волоияти қонунгузории мамлакатро талаб намудаст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ