Раисону вазиронро низ ба ҷавобгарӣ мекашанд
Аз ин ба баъд вазирону раисони кумитаҳои давлатии Тоҷикистон барои шикастани савгандашон ба раиси ҷумҳур, ба ҷавобгарии интизомӣ кашида хоҳанд шуд. Инчунин, аъзои ҳукумат вазифадор шуданд, ки эъломия ё феҳристи молу мулки манқул ва ғайриманқули худу оилаҳояшонро ҳамасола ба идораи андози кишвар пешниҳод намоянд. Ин тағийрот ба қонун “Дар бораи ҳукумати Тоҷикистон” рӯзи 17-уми май дар иҷлосияи навбатии порлумон баррасӣ шуда ва аз тарафи вакилон тасдиқ гардид.
Порлумони Тоҷикистон охири моҳи июли соли гузашта шеваи кори ҳабдаҳ вазиру раиси кумитаҳои давлатиро тағйир дод ва онҳо муваззаф шуданд, ки ба номи раиси ҷумҳур савганд ёд кунанд. Аъзои ҳукумати Тоҷикистон дар ин савганди худ ваъда медиҳанд, ки тамоми нерӯяшонро барои рушд ва боло бурдани обрӯи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ сарф хоҳанд кард
Меъёри савганди аъзои ҳукумат ба президент ва ҳамчунин савганди вакилони порлумон ба мардуми Тоҷикистон ҷузъе аз 41 тағйиру илова ба Сарқонуни Тоҷикистон буд, ки рӯзи 22-юми майи соли 2016 аз тариқи раъйпурсӣ қабул шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ