Раисро Агентӣ бо ришва қапид

Тавре Маркази матбуотии Агенти зидди коррупсия иттилоъ медиҳад, Ҳалимов Амирхон Бобохонович дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ кор карда истода, ҳамчун шахси мансабдор бо истифода аз мақоми хизматӣ, санаи 01 июни соли 2020 аз шаҳрванд «А” барои аз ҳудуди Ҷамоати мазкур ҷудо карда додани 0,05 га. қитъаи замини наздиҳавлигӣ маблағи 14000 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ 5000 сомониашро пешакӣ гирифта, оварда додани боқимонда маблағро талаб намудааст.Сеюми июн дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Ҳалимов А.Б. баъди аз шаҳрванд «А” гирифтани маблағи 9000 сомонӣ дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шудааст, хабар медихад манбаъ.Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ҳалимов А.Б. бо моддаи 247, қисми 4, банди «б” Кодекси ҷиноятииҷуҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *