Рамазон 10 май ба Душанбе меояд

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки қарор аст, ба зудӣ Рамазон Абдулатипов, раҳбари ҷумҳурии Доғистони Русия ба Душанбе сафар кунад.

Вазорат бо нашри баёнияи расмии кӯтоҳе дар вебсайташ хабар дод, ки сафари Рамазон Абдулатипов рӯзҳои 10 то 13-уми май сурат мегирад.

Ҷузъиёти дигаре дар бораи ҳадафи сафар ва ё мавзӯҳои гуфтугӯи раҳбари Доғистон дар Тоҷикистон дода нашудааст. Рамазон Абдулатипов дар гузашта сафири Русия дар Душанбе буд ва дар замони кори ӯ танишҳои лафзӣ байни Тоҷикистону Русия дар бораи нерӯгоҳи Роғун зиёд шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *